Ормон

Cамарқанду Бухороро бояд бигирем!!!

Бознашр аз “Нигох”

Баъд аз ҳуҷумҳои иттилоотии онҳое, ки замоне ватани моро ваҳшиёна пора-пора карданду акнун аз «қонунгузории байналмилалӣ» ва хавфи ҷанг ҳарф мезананд, аз қаъри дилам наърае баромад:

Cамарқанду Бухороро бояд бигирем!!!

Акнун бе эҳсосот. Ростӣ, ман на дар мактаб, на дар деҳа, на дар ноҳия, на дар пойтахт, ки акнун сокинаш ҳастам, намешиносам тоҷикеро, ки ёди Самарқанду Бухоро накунад. Ҳамчунин, кам тоҷике дар Самарқанд аст, ки дар ҳасрати дидори Душанбе набошад. Агар касе худро тоҷик бигӯяду андешаи Самарқанду Бухоро дар сар надошта бошад, яқинам, ки тоҷик буданаш зери суол аст. Вақте тоҷик мегӯед, Самарқанду Бухоро пеши назар меояд, агар номи ин шаҳрҳоро гиред, тоҷик ба ёд мерасад. Охир, ин шаҳрҳои зебо шиносномаи миллати мананд. Миёни арзишҳои ман аз миллат дида болотар арзише нест. Пас, мо насли ҷавони тоҷик аз Душанбеву Фарғонаву Андиҷону Деҳнаву Мазори Шарифу Кӯҳандиз бояд Самарқанду Бухороро баргардонем. Самарқанду Бухоро аз мост!

«Самарқанду Бухороро мегирем!» – дар атрофи ман суханҳоеанд кайҳо «обшуста». Ҳеҷ ҷойи ташвишро намебинам, ки як тоҷик чунин суханро ба забон ораду мо «талаби дипломатия» гуфта, хап шинем. Муҳим ҳам намедонам, ки кадом тоҷик: Президент, вазир, ҳофиз, муаллим, ронандае ё як каси дигар ин суханро ба забон меорад. Зеро ҳама аз рӯи сидқ мегӯянд ва бояд бигӯянд! Шояд ягона сухане бошад дар миёни мо, ки дур аз ҳар гуна ғараз ба забон меояд. Дар ин ҷо ғарази маҳал, мансаб, маблағ ва чизи дигаре дида намешавад.

Агар мансабдорони мо намегуфтанду фарз кардем аз ман дар хориҷа мепурсиданд, ки «Роҳбарияти давлататон дар ин масъала чӣ фикр дорад?» Ман бо боварии том мегуфтам, ки «Онҳо низ мисли мардуми Тоҷикистон ва хеле аз мардумони Балху Самарқанд фикр мекунанд, ки Самарқанду Бухороро бояд бигирем». Вале ҳайронам, ки бузургони вақт рӯирост аз касе шарм надошта, «шири сафедро сиёҳ мегӯянд». Э, аҳсант ба шумову ба бравогӯиятон. Қарсакҳоятон ҳам дурӯғ будааст-да?!

Имрӯз миёни тоҷикон аз Мазори Шариф то Самарқанду Бухоро, аз Душанбе то Шаҳрисабзу дигар шаҳрҳои аҷдодиамон сади сунъӣ мегузоранд, акнун дар ақлҳо низ. Дарёи Омуву Сир ҳеҷ вақт барои мо марз набуд, аз он сӯи дунё омада, ин дарёро барои мо марз гуфтанд. Ҳеҷ вақт марзҳои Сари Осиё, Панҷакент, Истаравшан миёни тоҷикон сарҳад набуд. Тошканд бояд бидонад, ки имрӯзҳо ҳам нестанд. Ин сарҳадро болшевикони хунхор ва мансабхоҳони беақл бунёд кардаанд…

Итминони комил дорам, дур нест он рӯзу соат, ки миёни шаҳрҳои тоҷикон аз Мазори Шариф ба Кӯлоб, аз Ҳисор ба Самарқанд, аз Хуҷанд ба Бухоро, аз Душанбе ба ҳар яки ин шаҳрҳо бо энергияи барқи аз «Роғун» истеҳсолмешуда электропоезди баландсуръати «Сапсан» ҳаракат хоҳад кард. Дар дохили салонҳои барҳавои ин электропоезд як стакон қаҳваи гарм, беҳтараш, як пиёла чойро то охир нанӯшида, аз Қалъаи Ҳисор ба Регистони Самарқанд меравӣ. Барои мардуми водии Зарафшон дигар аз ин «Ғори эрониҳо» гузаштан, мисли мушкилиҳои тайнамудаи Исфандиёр метобад. Ба воситаи Самарқанд мардуми ин водӣ метавонанд баҳузур, бехавф ҳам ба чаҳор тарафи дунё раванд. Аз Пекину Шанхай дидан кунанд!

Дур нест он рӯзҳое, ки дидани овезаҳои калон бо навиштаҷоти Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз, Мазори Шариф ва номҳои дигар шаҳрҳои тоҷикон дар вокзалҳои Душанбе ҳеҷ касро ба ҳайрат намеорад. Душанбе, ,дар ҳақиқат, пойтахти тоҷикон мешавад.

Дигар он шеърҳои пурсӯзи Лоиқ Шералӣ, ки мегӯяд:

Дар Бухоро то кунун аллома мерӯид агар,

Баъд аз ин ҳар лаҳзае узбак бирӯяд, фахр кун.

Барои хотира ва ёдоварӣ мемонад.

Танҳо барои Афзалшоҳи Шодӣ, ҳофизи ватансарои тоҷик аҳсант мегӯем, ки гуфта буду ҷомаи амал пӯшид:

«Рафтуомад байни Тоҷикистону Узбакистон ҳазорсолаҳо буд, мемонад. Чегараҳо, ба гуфти самарқандиҳо, йӯқ мишуд, шлагбаумҳо гум мишуд. Зинда бод дӯстиву бародарӣ! Ва мо Самарқанду Бухорая аз они худ медонем, як умр агар мо нагирифтем, бачаҳои мо хоҳанд гирифт!!!»

Самарқанду Бухороро мегирем! Ба дилҳо,ба ақлҳо!

  1. Сентябрь 6, 2010 в 5:10 дп | #1

    Дусти ман ,Шуморо ба сомонаи худ мехонам, кадам чилав гузор.

  2. Каноат
    Май 4, 2011 в 8:34 дп | #3

    Алхак то ин орзуи миллат чомаи амал напушад! мурданро барои худ харом мешуморам то корро ба ачом нарасонем!

  3. Каноат
    Май 4, 2011 в 8:36 дп | #4

    Замини мукадаси точикон бояд гирифта шавад !

  4. Каноат
    Май 4, 2011 в 8:36 дп | #5

    ю

  1. Нет обратных ссылок.

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.