Архив

Архив Февраль 2012

Мансабдоролим

Бознашр аз ИмрӯзNews

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон номзади илмҳои сиёсатшиносӣ шуд. Ӯ зери раҳбарии префессор Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯъи «Мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари таъмини амнияти минтақа» (Проблемы и перспективы взаимоотношений ОБСЕ и Республики Таджикистан в контексте обеспечения региональной безопасности – русӣ) рисолаи номзадиашро дар назди Шӯрои дисертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Қаблан низ дар зери таҳрир ва ё муаллифии Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи фаъолияти САҲА китобҳое низ ба нашр расида буд. Яъне ин мавзӯъ барои Ҳамрохон Зарифӣ ошност. Читать далее…

Инсоф

Саҳар ба бозор рафтам. Барои иваз намудани ҷумаки об як ҷумаки нав харидам. Барои иваз кардан ва таъмири он дар пайи усто афтодам. Фурӯшандае шумораи телефони чанд усторо ба ман дод. Ба се шумора занг задам, мегуфтанд, ҳоло фурсат надоранд, баъди нисфирӯзӣ бекор мешаванд. Билохира, устои чаҳорум бекор будааст. Вақте ба хона омад, ҷумакро ба даст гирифт, ман аҳаммият надодаам, дар паҳлуи он қимматаш навишта шуда будааст, 65 сомонӣ. Оҳ, беинсофе нидо баровард, марди усто, ки синнаш аз 50 боло буд. Инро аз куҷо харидӣ? – гуфта суолам кард. Ҷои харидаамро гуфтам. Иброз дошт, ки инсоф намондааст, наход ҳаминро бо чунин қиммат бифурӯшанд, ин хуб бошад, 30 сомонӣ қиммат дорад, беинсоф 5 – сомонӣ ба болоаш мон, наход як баробар гаронтар фурӯшӣ. Читать далее…

Исфандиёр: аз ҳақиқат чи гуна пӯшам чашм?

Номаи шоир Исфандиёри Назар ба вазире:

Монда ғамгину зору танҳо ман,
Чи кунам бо ғамони дунё ман?
Шаш ҷиҳат душманиву бадхоҳӣ,
Аз кадомаш бигӯям инҷо ман?
Эй вазир, эй вазири ин кишвар,
На ту фарриву не Аҳуро ман. Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.