Архив

Архив Февраль 22, 2012

Инсоф

Саҳар ба бозор рафтам. Барои иваз намудани ҷумаки об як ҷумаки нав харидам. Барои иваз кардан ва таъмири он дар пайи усто афтодам. Фурӯшандае шумораи телефони чанд усторо ба ман дод. Ба се шумора занг задам, мегуфтанд, ҳоло фурсат надоранд, баъди нисфирӯзӣ бекор мешаванд. Билохира, устои чаҳорум бекор будааст. Вақте ба хона омад, ҷумакро ба даст гирифт, ман аҳаммият надодаам, дар паҳлуи он қимматаш навишта шуда будааст, 65 сомонӣ. Оҳ, беинсофе нидо баровард, марди усто, ки синнаш аз 50 боло буд. Инро аз куҷо харидӣ? – гуфта суолам кард. Ҷои харидаамро гуфтам. Иброз дошт, ки инсоф намондааст, наход ҳаминро бо чунин қиммат бифурӯшанд, ин хуб бошад, 30 сомонӣ қиммат дорад, беинсоф 5 – сомонӣ ба болоаш мон, наход як баробар гаронтар фурӯшӣ. Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.