Мансабдоролим
Бознашр аз ИмрӯзNews
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон номзади илмҳои сиёсатшиносӣ шуд. Ӯ зери раҳбарии префессор Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯъи «Мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари таъмини амнияти минтақа» (Проблемы и перспективы взаимоотношений ОБСЕ и Республики Таджикистан в контексте обеспечения региональной безопасности – русӣ) рисолаи номзадиашро дар назди Шӯрои дисертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Қаблан низ дар зери таҳрир ва ё муаллифии Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи фаъолияти САҲА китобҳое низ ба нашр расида буд. Яъне ин мавзӯъ барои Ҳамрохон Зарифӣ ошност.
Ҳамрохон Зарифӣ аз соли 2006 инҷониб вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, 63 сол дорад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз нахустин мансабдороне нест, ки рӯ ба илм оварда бошад. Талбак Назаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикикистон қабл аз вазир шуданаш унвонҳои миллиро ба даст овардааст.
Дар миёни мансабдорону вакилони тоҷик номзадҳои илму докторон кам нестанд. Аз ҷумла Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлати амнияти миллӣ доктори илмҳои сиёсатшиносист, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо доктори илмҳои иқтисодӣ, Маҳмадамин Маҳмадаминов, номзади илмҳои иқтисолӣ мебошанд, ки аз инҳо ҳамчун донишманд ёд мекунанд. Аз мансаб ба илм нарафтаанд.
Донишманди тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ аз бархе мансабдороне, ки воқеан олим ҳастанд ба некӣ ёд мекунад. Ҳамсӯҳбати мо сӯҳбаташро аз сифати Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз карда мегӯяд, арзанда ба унвони илмиаш мебошад. Шариф Раҳимзода қабл аз он, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон шуда буд, ки китобе таълиф намудааст, ки барои иқтисоддонҳо раҳнамо мебошад.
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ мегӯяд, китобе омода карда истодаанд, бо номи «Донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни 21», ки ҳоло дар бораи 4 700 донишманд маълумот гирд овардаанд. Дар миёни инҳо мансабдороне низ ҳастанд, ки дар илм ҳам саҳми беназир доранд. Ба гунаи мисол Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ номи мушовири давлатии президент Эркин Раҳматуллоевро зикр мекунад, ки китоби таълифнамудаи ӯ дар Донишгоҳои давлатии Маскав, дар риштаи дипломатия ҳамчун китоби дарсӣ таълим дода мешавад. Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов низ аз олимони шинохта дар замони Шӯравӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол нафарони мансабдори тасодуффӣ ба илм воридгардида кам нестанд, ки ба илм рӯ овардани онҳо на аз тақозову пеша балки ҳамчун муд дониста мешавад. Ин раванд дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта рушд намуд. Аз ҷониби соҳибмансабон талош ба харҷ дода мешуд, ки ақалан як унвони илмӣ дошта бошанд. Замоне фаро расид, ки нафароне, ки умуман дар муассисаҳои илмиву таълимӣ фаъолият накардаву бо илм машғул нагардидаанд, ҳимояи илмӣ мекарданд. Таърихи истиқлоли Тоҷикистон чунин ҳодисаҳоро зиёд ёд дорад, ки як соат бо илм машғул нашуда, кори илмӣ навишта, унвони илмӣ гирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз устодони донишгоҳҳо аз он афсус мехӯранд, ҷавонҳо ба илм камтар таваҷҷӯҳ доранд.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва аъзои Шӯрои илмӣ оид ба ҳимояи номазадҳои илмҳои сиёсӣ мегӯяд, ин як раванди тафаккури инсонӣ мебошад, ки бо зиёд шудани таҷриба рӯ ба илм меоранд. Шояд дар ҷавонӣ надоштанд, мумкин ба кори давлатӣ машғул буданд, раҳбарияташон зарурати илмро намефаҳмид. Сайфулло Сафаров, инкор намекунад, ки имконияти як мансабдор дар ҳимояи рисолаи илмӣ аз имконияти бемансаб хеле бештар аст. Ба гуфтаи ӯ шахсони зиёде кӯмак мекунанд, ҳангоми ҳимоя кӯмак ҳаст, ҳангоми чопи мақолаҳо… Аммо ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо ҳангоми ҳимоя ҳеч гузаште ба мансабдору бемансаб нест.
Ба гуфтаи устодон ва ҳолдонҳо ҳамеша барои вазирон дар ҳимояи корҳои илмиашон сабукие ҳаст. Ба гуфтаи онҳо шогирди ҷавонро ҳамеша устод талқин мекунад, ки ба илм ворид намояд. Аммо устоди вазир ингуна имкониятро надорад. Вазир, ё шахси мансабдоре, ки ҳимоя кардан мехоҳад, ҳатто ба нудрат ба назди устодаш меояд…
Дар замони истиқлол кам набуданд онҳое, ки ҳангоми мансабдориашон рисолаҳои илмӣ ҳимоят кардаанд. Аз ҷумла мешавад, аз Абдулмаҷид Достиев ном бурд, ки номзади илми ҳуқуқ мебошад. Инчунин, гуфта мешавад, ки Абдусаттор Ҷабборов, ҳангоми вазири ҳифзи иҷтимоӣ буданаш, рисолаи номаздиашро ҳимоя кардааст, ё Бобохон Маҳмадов собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳангоми вазирӣ ҳимояи илмӣ кардааст. Аламхон Аҳмедов, вазири пешини тандурустӣ низ чунин… Агар нафари мансабдор бо ҷурме гирифтор гардад, унвони илмии ӯ гирифта намешавад, тавре унвони номзади илмии Ғаффор Мирзоев то ҳол лағв нагардидааст, гарчи ҳама унвонҳояшро бекор кардаанд.
Гуфта мешавад, дар замони шӯравӣ бештари вазирони тоҷик унвони илмӣ надоштанд. Нафаре агар қабл аз вазирӣ академияи илмҳои ҷамъиятии назди кумитаи марказии ҳизби комунистиро дар Маскав бо баҳои аъло тамом мекард, аз рӯи қоида ҳимоя намуда, номзади илмҳои фалсафа, таърих ва ё иқтисод мешуд. Ҳангоми дар курсии вазирӣ нишастан, ёд надоранд нафареро, ки ҳимояи илмӣ карда бошад.
Дар маҳфилҳо зиёд аз як амали президенти Белорусия Лукашенко сухан мекунанд. Дар ҳукумати Белорусия Лукашенко яке аз вазиронашро ба хотири номзади илм шуданаш табрик карда, баъдан аз вазифа озод менамояд. Мудири лабаратория дар академия таъин мекунад ва мегӯяд, шумо, ки ба корҳои илмӣ шавқ доштед, беҳтараш кори илмӣ кунед. Ҳамчунин, дар Фаронса соли гузашта ифшо намудаанд, ки кори илмии вазире плагиат аст ва бо ин вазир ба истеъфо рафт. Аммо дар Тоҷикистон касе ҳоло ин мавзӯъро пайгирӣ накардааст…
Рӯй овардани мансабдорону пулдорҳо боис ба он шудааст, ки «бозори навиштани рисолаҳои илмӣ гарм» унвон мешавад. Ва суол ҳам ҳаст, ки барои як нафар дар сиёсат ба вазирӣ расидан, нуқтаи олии карйера мебошад, пас чӣ ҳоҷат аст, ки ба илм рӯ оранд?
Ҳамчунин, то ҳол дар ҷое дучор наомадаем, ки аз мансабдори олимро дар ҷое исмаш ҳамчун олим сабт шуда бошад. Бештар аз амали онҳо ҳангоми вазириашон ёдовар хоҳанд шуд. Дар гумон ҳам ҳаст, ки аз корҳои инҳо илми тоҷик бурд намояд, дар замоне, ки аз вазириашон қариб, ки ин миллат бурде надорад. Пас чӣ як вазирро маҷбур мекунаду кардааст, ки унвони илмӣ гиранд, ин суол ба андеша мебарад, шояд барои престиж ва обрӯву эътибори иловагӣ бошад?

Вокуниш