Фарёди бесадо

Инсоф
Саҳар ба бозор рафтам. Барои иваз намудани ҷумаки об як ҷумаки нав харидам. Барои иваз кардан ва таъмири он дар пайи усто афтодам. Фурӯшандае шумораи телефони чанд усторо ба ман дод. Ба се шумора занг задам, мегуфтанд, ҳоло фурсат надоранд, баъди нисфирӯзӣ бекор мешаванд. Билохира, устои чаҳорум бекор будааст. Вақте ба хона омад, ҷумакро ба даст гирифт, ман аҳаммият надодаам, дар паҳлуи он қимматаш навишта шуда будааст, 65 сомонӣ. Оҳ, беинсофе нидо баровард, марди усто, ки синнаш аз 50 боло буд. Инро аз куҷо харидӣ? – гуфта суолам кард. Ҷои харидаамро гуфтам. Иброз дошт, ки инсоф намондааст, наход ҳаминро бо чунин қиммат бифурӯшанд, ин хуб бошад, 30 сомонӣ қиммат дорад, беинсоф 5 – сомонӣ ба болоаш мон, наход як баробар гаронтар фурӯшӣ. Ҳеч нагуфтам, баъди 20 дақиқа усто корашро ба итмом расонд. Ҳақи хизмататон чанд сомонӣ мешавад? Баъди таваққуфи кӯтоҳе 40 сомонӣ диҳӣ бас аст, – гуфт. 40 сомонӣ дода, бо арзи сипос гусалаш кардам.

Бояд ҳар чи зудтар ба коргоҳ меомадам ва нисфи рӯз ҳам шуда буд. Аз дар набаромада будам, ки нафаре дарро зад. Баъд аз арзи салом худро муаррифӣ кард, усто будааст. ӯро як рафиқам равон кардааст.

Айнан, чунин гуфтам: «- Дӯсти ман Шуморо заҳмат додааст, мушкилро бартараф кардем, як устои дигар оварда будам». Як ба қадам нигаристу гуфт, ака куҷо кор мекунӣ? Барои он, ки зудтар равам, кӯтоҳ посух додам, дар як корхонаи ғайридавлатӣ. Гуфторашро идома дода, арз дошт, агар зудтар меомадам, ба хотири дӯстатон арзонтар корро буд мекардам ва суол кард, ки чанд сомонӣ ба усто додӣ? Зуд ба суолаш посух дода, аз зинапояҳо поин мешудам, ки боз ба гап даромад: Ҳай ноинсоф сағира будааст, наход дар 15-дақиқаина кор ҳамин қадар гирӣ.

Ба роҳ баромадам, ба нақлиёти мусофирбаре, ки аввалиншуда омад ва дар пешаш «Қараболо» навишта буд, нишастам. Як истгоҳ ҳаракат намуд, касе ишораи манъ кардани нақлиётро накард. Ронанда таблоеро, ки «қараболо» навишташуда буд, ба навиштаи «цирк» иваз намуд. Ҳар нафаре, ки ба «тангем» менишаст, ронанда ба такрор таъкид мекард: то Қараболо 1 – сомонӣ, аз Қараболо то сирк 2 – сомонӣ. Ҳама хомӯш, як сомонӣ ва ду сомонӣ роҳкиро медоданд. Вақте аз назди Қараболо гузаштем, ронанда таблои «Саховат»-ро ба наздаш гузошт ва акнун барои ҳар нафари ба мошин менишаста чунин мегуфт: то сирк як сомонӣ, баъд аз он ду сомонӣ…

Ҳамарӯза аз ин самт ба коргоҳ меомадам, то истгоҳи назди сирк роҳкиро як сомонӣ буд. Билохира, аз ронанда суол кардам, ки чаро чунин мекунӣ? Дигарҳо то истгоҳи сирк як сомонӣ мебаранд, ту бошӣ ду сомонӣ гирифтӣ? Ронанда мисли дигар ҳампешагонаш ҷавобе, ки дар нӯги забонашон ба чунин пурсишҳо ҳамеша дар амонат истодааст, посух дод: «ака, намефорад фуро, бензин қиммат аст, «покрывать» намекунад, мошин аз худам аст». Оромона гуфтам, ака вақте ту ба роҳ баромада ба хатсайре ҳаракат мекунӣ, нақлиёти ту ҷамъиятӣ мешавад ва дигар ба роҳкирои муайянкардаи ҳукумати шаҳр риоя намо. Сухани ахирам гӯё таконе ба ӯ дод, фикр кард корманди давлатиам дигар хомӯш истод. Ду се нафаре, ки дар қатори ман менишастанд ва дар синну сол бузургтар буданд, якбора даҳон кушода, ронандаҳоро ба надоштани инсоф мутаҳҳам мекарданд. Ҳар яке иттҳоме мебаст, ки ишора ба беинсоф будани ронандаҳо буд…

Ба кор омадам. Нафаре занг зад, худро масъули ширкате муаррифӣ намуд, ки дар матлабе дар шумораи гузаштаи рӯзнома дар бораи он ширкат чанд ҷумла навиша шудааст. Он масъул дар бораи сарлавҳаи матлаб эродҳо гирифта, гуфт, каме инсоф ҳам зарур аст, наход ин қадар беинсоф бояд буд!? Ин суханҳоро намояндаи ширкате мегуфт, ки ҳама мардум ин ширкатро ба ноинсофу ғаддор будан мутаҳҳам мекунанд. Намояндаи ширкат бошад, вақте огоҳ гардид, ки дар рӯзнома масъул ҳастам, маро ба риоя кардани инсоф даъват кард. Ба ҷуз «хуб» гуфтан ва бо чанд ҷумлаи кӯтоҳ посух додан, чизе дигар нагуфтам.

Баъди ин ҳама беихтиёр вожаи «инсоф»-ро дар рӯи сайти ҷустуҷӯии гугл навишта, тугмаи ҷустуҷӯро пахш кардам. Чандин матлабҳоро бо забони ӯзбекиву тоҷикӣ пайдо кард, ки дар матлаъи яке аз онҳо чунин омадааст: «Инсоф, ки аз зеботарин хислатҳои ахлоқист, ба маънои адолатварзӣ, иқрор ба ҳуқуқи мардум ва адои онҳо буда, инчунин ба маънои ҳар хайреро, ки барои худ мехоҳӣ, барои дигарон ҳам хостан ва ҳар зараре, ки барои худ намеписандӣ барои дигарон низ написандидан аст». Пас агар чунин аст, бегуфтугӯ аз болотарин мансабдорҳоямон то камтарини онҳо дар ин кишвар аз инсоф хабаре дорем? Ва кӣ гуфта метавонад, ки боинсоф аст?

Исфандиёр: аз ҳақиқат чи гуна пӯшам чашм?
Номаи шоир Исфандиёри Назар ба вазире:

Монда ғамгину зору танҳо ман,

Чи кунам бо ғамони дунё ман?

Шаш ҷиҳат душманиву бадхоҳӣ,

Аз кадомаш бигӯям инҷо ман?

Эй вазир, эй вазири ин кишвар,

На ту фарриву не Аҳуро ман.

Бад нагуфтам туро, бадам гуфтӣ,

Шоирам ман, на аҳли иғво ман.

Нестам аз табори Чингизхон,

Ҳам ба Темур набудам ошно ман.

Айнӣ бо ҷурми ман нашуд зиндон,

Насупурдам ба Чин ҷоро ман.

На вазирам, ки бо ту варзам бухл,

На ниҳони ту кардам ифшо ман.

Ба чи ҷурмам намудаӣ туҳмат,

Ба ту, ки хар накарда савдо ман?

Ба Худо аз ту мебарам шиква,

Ба Худое, ки ҳаст Якто, ман!

Ҳеч донӣ, кӣ кушт Туғралро?

Фалғарӣ кушт, донам инро ман!

Ту маро ҳам ба номае куштӣ,

Ба касе бад накардӣ, илло ман.

Ту ба мансаб, ба мансабат нозӣ,

Ба қалам ман, ба хатти туғро ман.

Ман Ватан гуфта бо Худо нолам,

Ту ба худ ноливу Ватанро ман.

Аз ғами ҳамватан, ки муздур аст

Бо кадом вожа гӯям оё ман?

Дар ватан то ба кай наёбад кор,

Пеши кӣ қад кашам ба даъво ман?

Ҳайф, муздур гаштану онгаҳ

Даъвии «ҳастам ориёно ман»!

З-ин ҳама шуълаҳои ғам, к-афтод

Сӯхтам оқибат саропо ман.

Аз нигоҳи Ватан назар кардам,

Аз нигоҳи Ватан ба дунё ман.

Нестам ман ҳақиру бемаъво,

Ҳастам аз дудмони Доро ман.

Бо Куруши Кабир менозам,

Мекунам фахр бо Ависто ман.

Будаам аз табори Фирдавсӣ,

Будаам ҳамнажоди Сино ман.

Пас чаро, эй Ватан, ба ҷурми кӣ,

Бошам ин ҷо ба хорӣ расво ман?

Роҳ не, раҳзани ту бисёр аст,

Эй Ватан, будаӣ чунин то ман?

Ин яке роҳи ту кунад шахсӣ,

Дигареят фурӯшад, аммо ман:

Бо ту будам ҳамешаву бошам,

Бо кӣ бошам? Агар наӣ бо ман.

Аз бурун баста роҳи ту кӯчӣ,

Аз дарун соҳибат – дареғо, ман.

Шабу рӯз аз ғами ту менолам,

Дар миёни ҳазор ғамҳо ман.

Ашк дар чашми ман наметобад,

Баскиям аз табори дарё ман.

Чанд бо зулми хасми ту созам,

Назанам гар ба саффи аъдо ман?

Чанд хомӯшу лол биншинам,

Бо забоне, ки ҳаст гӯё ман?

Чанд худро ба каррӣ андозам,

Дар миёни ҳазор ово ман?

Аз ҳақиқат чи гуна пӯшам чашм,

Бо ду чашме, ки ҳаст бино, ман?

Ин қадар зулм, ин қадар тавҳин,

Чун нагӯям аз ин фаҷоё ман?

Баршавам ҳамчу ҷадди худ Кова,

Ки ба банд орам аждаҳоро ман.

Ҳамчу Лоҳутӣ дар ҳама ҳолат

Шеъри худро намоям иншо ман.

Чун Зарафшон ғирев бардорам,

Ки расам боз то Бухоро ман…

Ба куҷо мерасад вале золим,

Ба куҷо мазлуму Худоё, ман?

5-6-уми феврали соли 2012

Душанбе-Айнӣ-Душанбе

Рисолате, ки президент бояд анҷом диҳад…
Билохира, ҷомеаи Тоҷикистон ба ин суол ҷавоб дарёфт, ки таҳаввулотро дар кишвар, кӣ ва чи гуна амалӣ кунад…

Дар бораи баргузор шудани як таҳавуллоти ҷиддӣ дар Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ боз баҳсҳо идома дорад. Тахмину фарзияҳо ва сару садоҳои зиёд дар расонаҳои дохилу хориҷи кишвар дар ин бора на як бору ду бор сурат гирифтааст. Вале ҳеч бор ин тахмину фарзияҳо аз доираи худ берун нарафтаанд. Баҳори гарми соли гузаштаи Шарқи Наздик ва омилҳои кӯчиши ин ҳаводис дар минтақаи Осиёи Миёна баҳсҳоро аз сари нав афзоиш дод. Гуфта мешуд, дар пайи “ҳарорат”-и ин инқилобҳои хунин, ахиран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ, таҳаввулоти ҷиддӣ анҷом мепазирад.

Дуруст аст, ки дар бораи заъф доштани мақомоти давлатӣ тайи бист соли истиқлолияти ин кишварҳо мисолҳои зиёде буданд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон дар соли буҳронии 2009 дар бораи ба истеъфо фиристондани блоги иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон гуфтугузорҳои зиёде сурат гирифт. Аммо ҳукумат доимо бо иваз кардани яке ба ҷойи дигаре (ротатсия) иктифо меварзиду халос. Яъне, ба назар мерасад, ки ҳукуматро кобинаи худ комилан қонеъ мегардонад. Вале танишҳои ахири бавуҷудомада дар муносибат бо Русия нишон доданд, ки на танҳо блоки иқтисодӣ, балки аксари ниҳодҳои давлатӣ заъф доранд ва рисолати худро иҷро карда наметавонанд. Ҳамин буд, ки ягона нерӯи фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ҲНИТ пас аз ин гирудорҳо эълон намуд: президент бояд худро аз мансабдорони нокоромади худ раҳо кунад. Раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо мо низ гуфт, ӯ вазъияти раҳбарияти олии кишварро дар баробари командаи худ, ки солҳои тӯлонӣ бо онҳо кор кардааст, дарк мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ин бештар ҷанбаи равонӣ дорад, чун як нафаре, ки ба муддати тӯлонӣ дар паҳлӯи президент кор кардааст ва хидматҳои хубе ҳам карда, шояд аз лиҳози одоби тоҷикона ва шарқӣ, ҷудо шудан аз ин нафарҳо чандон кори осон набошад. Билохира, ин ҷо манфиатҳои давлату миллат ҳаст, бахусус касоне, ки тӯли ҳама солҳо муваффақ набуданд, ё иштибоҳҳои ҷиддӣ карданд, ҳатто агар як иштибоҳи ҷиддӣ ҳам карда бошад, дигар кофӣ ҳаст, ки бо чунин нафарҳо худоҳофизӣ карда шавад…”

Раҳматилло Зоиров, раҳбари дигари мухолифи ҳукумати Тоҷикистон низ ба ин бовар аст, ки таҳаввулот дар Тоҷикистон танҳо дар он сурат имконпазир аст, ки таҷзияи воқеъии ҳокимияти давлатӣ, ки ин талаботи конститутсионӣ ҳам ҳаст, амалӣ шавад. Ӯ мегӯяд, сохтори давлатиро дар Тоҷикистон он гуна мушкил кардаанд, ки ҳатто дар кишварҳои ҳаҷман бузурге мисли Русия намунаи он дида намешавад. Ба гуфтаи Зоиров, Русия, бо ин ки як кишвари федеролист, се зинаи ҳокимиятро ихтиёр кардааст, аммо дар Тоҷикистон ин зинаҳо ба чаҳор расидаанд. Тавре худи Зоиров шарҳ медиҳад: “Яъне мо як давлати майда дар асоси чаҳор зинаи ҳокимияти давлатӣ амал карда истодаем: марказ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо, органҳои худидора. Русия давлати федеративӣ шуда, аз се зина иборат аст: марказ, ҳокимияти давлатии маҳалҳо (ҷумҳуриҳо, субъектҳо) ва худидора. Барои Тоҷикистон ҳеч набошад, ба се зинаӣ гузаштан даркор аст. Яъне марказ, вилоят, ё ноҳияҳо (агар вилоят мешуда бошад, шумораи вилоятҳо зиёд мешавад, ноҳияҳо барҳам дода мешаванд, бевосита ба худидора гузаштан даркор…).

Дар ҳамин хол Сӯҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стретегии назди президенти Тоҷикистон дар як сӯҳбати худ гуфта буд, ки ӯ консепсияи ислоҳоти давлатиро таҳия кардааст, ки мувоффиқи он бархе аз масъулиятҳои президент ба ҳукумат ва парламент тақсим карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳо боз оид ба “дасти дарози президент” зиёд мегуфтанд. Гуфта мешуд, чунин тақсимбандии ҳокимият ба амнияти давлат ва ҷомеа хавф дорад. Аввалан, зарфиятҳои як нафар барои контроли тамоми сохторҳои як давлат басандагӣ намекунад. Дувум, чунин ҳолат ба пайдоиш ва тақвият ёфтани авторитаризм мусоидат хоҳад кард, ки ба нафъе касе нест. Сеюм, дар ҳолати (худо накарда) ба бемори ё фавт шудани чунин раҳбарон дар мамлакат хаоси воқеъӣ ба вуҷуд меояд, ки намунаашро дар Туркманистон дидем.

Коршиносон ва таҳлилгарон чунин вазъиятҳоро баррасӣ намуда, сабабҳои онро айнӣ ва зеҳнӣ медонистанд. Зеро гуфта мешуд, Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва дар ибтидои истиқлолияташ тақрибан ҳеч гуна унсурҳои давлатдориро шакл надода буд. Дар ин сурат “дасти қавӣ” барои чунин ҷомеҳо албатта нақш дорад. Инро коршиносон рисолати аввалини Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки онро сарбаландона иҷро кард. Яъне аввалан сулҳу вахдат ва оромиро дар Тоҷикистон пойдор кард ва унсурҳои давлатдориро шакл дод, ё тақвият бахшид. Рисолати дувуми Эмомалӣ Раҳмон бо баргардондани гурезаҳо ва мухолифони сиёсиву низомиаш ба Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳамчунин, тибқи созишномаи сулҳи ба дастомада баъзе аз унсурҳои воқеии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар Тоҷикистон пайдо шуданд. Аз ҷумла бар расмият шинохтани аҳзоби сиёсии мухолиф, расонаҳои мустақили хабарӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигарон ба вуҷуд омаданд, ки Тоҷикистонро ба кишварҳои демократӣ наздиктар мекард. Бо ҳамин рисолати дуввуми шурӯъ шуд, ки дар шароити мухолифатҳои ақидативу ҳатто низомие, ки то як замони дигар вуҷуд доштанд, идора кардани ҷомеа кори осоне набуд. Коршиносон мегӯянд, ин рисолати худро Эмомалӣ Раҳмон пурра ба итмом расонад, агар раъйпурсии моҳи июли соли 2003 ба вуҷуд намеомад.

Ба назар чуни мерасид, ки мухолифони сиёсиро, ки акнун тақрибан аз муборизаи яроқнок даст кашида буданд, ин иқдоми ҳукумат ба шӯр овард. Ин нерӯҳо, ки то ин замон як навъ “ором” фаъолият доштанд, гуфтан мехостанд, ки акнун ба нақшаҳои воқеии ҳукумат сарфаҳм рафтанд.

Раъйпурсӣ гузашт. Баъди ду соли он интихоботи парламентӣ ҳам паси сар шуд. Эътилофи интихоботи шаффофу демократии нерӯҳои мухолифи ҳукумат самара надод. Ҳукумат ҳамоно тавре рафтор мекард, ки гӯё чизи ҷиддӣ рух надодааст. Интихоботи президентии соли 2006 пеш омад. Нерӯҳои сиёсии нисбатан ҷиддии Тоҷикистон дар ин интихобот ширкат накарданд. Ва инро як навъ эътирози худ эълон карданд. Аммо ин интихобот дар марҳалаи бисёр ҳассоси геополитикӣ ва геостратегии Осиёси Марказӣ сурат мегирифт. Яъне он замон таѓйироте дар кишварҳои минтақа ба миён омад. Ӯзбекистон баъди ҳодисаҳои Андиҷон домони Аврупоро раҳо карда, боз рӯ ба Русия овард. Қирѓизистон як инқилобро паси сар намуда буд. Дар Қазоқистон амбитсияҳои оилавӣ ва наздикони президент сар зад. Дар Туркманистон дигар Сапармурод Ниёзов, президенти собиқ дар саҳнаи воқеъии сиёсат нуфузашро аз даст медод.

Ин интихобот Тоҷикистонро бояд ба марҳалаи дигар рӯ ба рӯ мекард, ки ба гунае онро таҳаввулот медонистанд. Дар ҳақиқат, пас аз интихобот ҳукумат комилан ба истеъфо рафт. Вале баъди ду рӯз ҳукумати нави кӯҳна аз нав фаъолияти худрои идома дод. Дар ин миён танҳо бо омадани Ҳамрохон Зарифӣ ба курсии вазири корҳои хориҷӣ эҳсоси дилгармие ба вуҷуд омад.

Воқеан, пас аз иваз шудани вазири корҳои хориҷӣ сиёсати берунаи Тоҷкистон низ тағйир ёфт. Акнун, матбуоти русӣ ҳукумати Тоҷикистонро гоҳ бо ғарбгароӣ мутаҳҳам мекарданд, гоҳи дигар бо исломгароӣ. Сиёсати дарҳои боз воқеан ҳам “ноз”и ҳукуматро дар миёни кишварҳои абарқудрат тақвият дод. Дар ин сурат нерӯҳои сиёсии мухолифи дохили ҳукумати Тоҷикистон як навъ раҳгумзада шуданд. Зеро агар аз ин пеш шахсиятҳои баландмартабаи кишварҳои ғарбӣ ё созмонҳои пурнуфӯзи байналмилалӣ то ин замон дар ҳар сафари худ ба Тоҷикистон бо онҳо мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом медоданд, аз ин пас ин иқдомро тақрибан қатъ карданд. Зеро чун ҳукумати “ғарбпараст” ба гуфтаи матбуоти русӣ онҳоро қонеъ мекард, аз ҷониби дигар манфиатҳои гополитикии ин кишвару созмонҳо онҳоро намегузошт, ки дар минтақа таъсири худро коҳиш бидиҳанд. Аммо бо ҳамин як вазъе дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки таҳаввулоту худро омода кардан ба он тақрибан номумкин ба назар мерасид. Зеро акнун Тоҷикистон мисли соли 1991 набуд, ки дар ин ҷо танҳо ҳузури фаъоли Русия ва андаки Эрон эҳсос шавад. Ҳоло дигар Тоҷикистон мисли ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ зери нигоҳи хоси ҳам ИМА, ҳам Аврупо, ҳам Чин ва Русияву Эрон қарор дошт. Ин ҳолат агар аз як ҷониб барои ҳукуматҳо муваффақу мувофиқ бошад, ки бо истифодаи якеву гузаштан аз баҳри дигаре умри ҳукумати худро дароз кунанд, аз ҷониби дигар барои нерӯҳои дохилӣ мушкилоти сангин ба вуҷуд овард. Зеро як иқдоми ҳатто заъифи онҳо метавонист, боиси танишҳои бузургтар гардад ва дар натиҷа онҳо ба сифати “вайронкунадаи оромӣ” маънидод шаванд.

Масъулини ҳукумати Тоҷикистон то ин замон дар ин бора зиёд гуфтанд, ки онҳо аз дохили кишвар тақрибан эҳсоси хатар намебинанд ва ҳамеша ин изро аз хориҷа мекобанд. Дар ҳақиқат шурӯъ аз ҳодисаҳои феврали соли 2008 (қатли Захарченко ва қазияи Мирзохӯҷа Аҳмадов, соли 2009 боздошти пурҳангомаи Сӯҳроб Лангариев дар Кӯлоб, гирдиҳамоиҳои Хоруғ ва ҳаводиси Тавилдара ва қатли мармузи Мирзо Зиёев, соли 2010 маҳбусҳои фирорӣ ва ҳодисаҳои маълуми Рашту таркиш дар Хуҷанд, амалиёти Исфара) ва ҳамчунин танишҳои ахиран ба вуҷуд омада нисбат дар муносибат бо Русия нишон доданд, ки дар дохили кишвар нерӯҳое, ки ба амнияти давлат хатар эҷод кунанд, тақрибан вуҷуд надорад.

Агар чунин нерӯе вуҷуд надорад, ки ба амнияти давлат хатар эҷод кунад, таҳлилгарон суоли дигареро пеш мегузоранд. Чаро ҳукумат бо нерӯҳои сиёсии бигзор мухолифи худ, ки барои амнияти давлат бехатаранд ҳамкорӣ кардан намехоҳад?

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар ҷавоб ба ин суол мегӯяд, ҳукуматро аслан тарс аз кушодани асрори пасипардагиҳои зиёд, ки феълан дар фаъолиятҳои ҳукумат эҳсос мешавад, намегузорад бо онҳо ҳамкор бишавад. Ин посухи Зоировро намешавад, ҷиддӣ қабул кард. Ба ҳар сурат ифшои пардаи асрор аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ вазъро тағйир надод (қазияи Бонки миллӣ ва Хазини асъор дар замони раҳбарии Муродалӣ Алимардон).

Аммо Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ зимни баррасии ин масъала онро бо адами фарҳанги ҳамкории ҳукумат бо нерӯҳои мухолиф дар шароити кишварҳои ба гуфтаи ӯ авторитарӣ мансуб медонад.

Бо ҳамин гуфта мешавад, заъфи нерӯҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон боз сабабҳои авйниву зеҳнӣ дорад. Аммо ин, ки нерӯҳои мазкур тавони пешкор шудан ба як таҳаввулотро надоранд, як ҳақиқат аст. Дар ин сурат суоли воқеъие пеш меояд. Агар Тоҷикистон ба як таҳаввулот ниёз дорад, онро бояд кӣ анҷом бидиҳад ва чӣ гуна?

Коршиносон мегӯянд, посухи ин суол рисолати сеюми Эмомалӣ Раҳмонро рӯи кор меорад. Ба гуфтаи онҳо президенти феълӣ масъул аст, ки раҳбарии як таҳаввулоти дигари самимиро ба ӯҳдаи худ бигирад. Зеро унсурҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон то андозае заъифанд, ки чунин рисолатро бардошт карда наметавонанд. Ҳамчунин, дар ҳолати икс хаоси саросарӣ аз эҳтимол дур нест. Таҷрибаи кишварҳои авторитарии араб намунаи возеҳи ин раванд аст.

Ҳоло агар таҳаввулоти мавриди назар дар доираи ҳамон консепсияе, ки Сӯҳроб Шарифов таҳия кардааст, ғунҷоиш ёфта бошад, муҳтавои он барои ҷомеа муайян нест. Гуфта мешавад, феълан он дар дасти президент қарор дорад ва мавриди баррасӣ аст. Аммо ҷомеаи Тоҷикистон дар ин таҳаввулот чиро мехоҳад, мавзӯи дигарест, ки ба он баъдтар баргардем.

Нафратие, ки «дӯсташ медорам!»
Дар Русия боре набудам. Ба истиснои чанд соате. Аз ин давлату миллат шахсан ба ман ноҳинҷорие пеш наомадааст. Вале рӯз ба рӯз нафратам нисбат ба ин давлат боло мегирад. Дар ҳар куҷое дар Тоҷикистон парчами ин давлатро бинам, нафратам қавитар мешавад. Вақте дар ҷашни 20-солагии Истиқлол парчами Русия дар дасти низомиёнаш дар паради ҳарбӣ мегузаштанд, эҳсоси нохуше тамоми вуҷудамро фаро гирифт. Аз телевизион чашм пӯшидам.

Субҳи сарди 17-уми декабри соли 2008 ҳеч аз пеши назарам дур намешавад. Бо чанд ҷавоне дар фурӯдгоҳ ба пешвоз рафтем. Чӣ пешвозе буд? Ҷавони тоҷик, ҳамнасли мо Салоҳиддин Азизови 20-соларо бо сари бурида аз Русия ба Тоҷикистон меоварданд…

Дар ҷаҳоне, ки имрӯз иттилоъ ва расонаҳо дар таъини симои миллату давлат нақши берун аз тасаввурро доранд, ҳамарӯза дар интернет дар бораи тоҷик аз ҷониби русҳо матлабе пайдо мешавад. Аз рӯзе, ки бо интернету фаъолияти журналистӣ пайвастам, аз сиёсатмадорони рус то ким – кадом коршиносаш алайҳи миллати ман таҳқиреро раво дидааст. Собиқ мэри шаҳри Маскав Юрий Лужков дӯсти баъзе аз давлатмардони тоҷик миллати моро «чиз» номида буд. ӯ дар ҷаласаи солонаи аҳли фарҳангаш гуфт: «бояд дар Маскав ҳама чизи беҳтарин гирд оварда шавад, на балки фақат тоҷикон». Бо ин суханаш бадтарин таҳқирро барои мо раво дид. Вале аҷибаш ин аст, ки пас аз чанде меҳмони фохири сиёсатмадорони бегонаситези тоҷик гардид. Ба чунин сиёсатмадорони меҳмоннавози тоҷик низ агар нафрат надошта бошам, худамро намебахшам.

Қаблтар аз Лужков намояндаи собиқ президенти Русия Путин дар парламенти кишвараш Алексей Котенков нисбат ба тоҷикон гуфта буд: «Маскавро гадо ва тоҷик зер кардааст». Касе аз бузургмардони давлати мо суол накард, ки ту чӣ гуфтан дорӣ?! Ба ин тартиб дигар пешвоҳои ин давлат аз қабири Дмитрий Рогозину Ройзманҳояш, Жриновскию Гризловҳояш дар ҳар пайти муносиб нисбат ба Тоҷикистони ман неш мезананд. Аммо онҳое, ки дар Тоҷикистон барои ҳимояи ин Ватан кафил ҳастанд, ҳеч намехоҳанд муҳри хомӯширо аз лаб дур намоянд.

Кор дигар аз таҳқир ба қатл расид. Ба қатле, ки назирашро танҳо дар афсонаву қиссаҳо мехондем. Имрӯз тоҷикро дар Русия сар мезананд. Боз мо хомӯш!!! Аҳзоби сиёсиамон хомӯш, ҳукуматамон мисли ҳамеша, агар вакилони парламентамон дар ин хусус лаб во кунанд, эҳтимол дорад, пашша ба даҳонашон дарояд…

Дарк кардан душвор аст, ки ин қадар таҳаммулу сабр, сархамиву тарсуӣ аз куҷо ҳамсафари мо шудааст?

Дар баробари ҳамаи ин, пинҳон карда наметавонам, ки дар муқобили нафрат ба Русияву парчами он дар лаҳзаҳое гӯё маро аз он ифтихор фаро мегирад. Вақте варзишгарони рус дар озмунҳои байналмилалӣ ба майдон мебароянд, мехоҳам зудтар бохт насибашон гардад. Аммо баръакси ин хоҳиш, худ нохоста, ҷонибдорашон мешавам. Бозии футболи дастаи Арсенали Англияро маҳз ба хотири Аршавини рус тамошо мекунам.

Ҳатто агар бурд намоянд, … Дар чунин ҳолатҳо ҷойи холишудаи ормониро дар ниҳодам боз Русия пур мекунад. Боз наметавонам, бузургони фарҳангии ин миллатро васф накунам…

Аз замони диктатураи Шӯравии рус дар ман хотирае нест. Дар замони истиқлол таҳсил намуда ба воя расидаам. Бо ин ҳама боз дилбастагие ба Русия дар ниҳодам лона дорад. Пас онҳое, ки нисфи умрашонро дар зери султаи ин диктатура гузарондаанду бо русҳо якҷо буданд, чи бардоште доранд?

Як суол ҳамеша бароям бепосух мемонад. Мефаҳмам, мансабдорон барои бақои курсиашон ҳамеша маҷбуранд ба ҷониби Русия табассум кунанд. Аммо барои чӣ мо ҳам бояд дар муқобили ин ҳама таҳқиру қатл табассум намуда, хомӯш бошем? Намефаҳмам!

ҲНИТ- е, ки дар панҷ сол Кабирӣ сохт
Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Аз реҳлати марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, поягузор ва собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон панҷ сол сипарӣ мешавад. 8-уми августи соли 2006 ӯ аз дунё даргузашт ва як рӯз баъдаш ҲНИ раҳбари худро ба роҳи охират гусел кард.

Бо фавти Нурӣ, ки дар замони истиқлолият ба як шахсияти калидӣ табдил ёфт, бархе таҳлилгарон мегуфтанд акнун ҲНИ мушкилиҳоеро рӯ ба рӯ мешавад ва эҳтимоли аз байн рафтани он, ё ҳадди ақалл ба чанд пора тақсим шудани ҳизб ҳадс зада мешуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба раёсати ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, як нафаре, ки симои ҷадиди ин ҳизб ном бурда мешуд ва хеле ҷавон хам буд, расид. Вақте дар доираҳои коршиносӣ аз ояндаи ҳизб тахмину фарзияҳо мекарданд, ин ҳамаро дар робита ба тавоноии раиси нав ба баҳс мекашиданд. Имрӯз бо гузашти панҷ сол чунин суол гузоштан хато нест: ҳизб дар набуди бунёдгузори худ бо раҳбари нав дар симои Кабирӣ ҷойгоҳ ва нуфузи худро нигоҳ доштааст, ё чи фаъолияти чашмгире дошт?

Қариб ҷои баҳс надорад, агар гӯем, ки ҲНИ дар ин солҳо аз доштани чеҳраи руҳонӣ фосила гирифтааст. Ба хусус, баъд аз он, ки Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҳизб низ даргузашт, ин фосила ба шиддат васеъ шуд. Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар баробари сиёсатмадори қавӣ будан, дар миёни руҳониён вазни худро дошт. ӯ аз як тараф пайвандгари доираҳои руҳонии кишвар ба ҳизб буд. Ҳоло бошад, мутааллиқии ҳизб ба синфи руҳонӣ камтар ба назар мерасад. Адами фазои руҳонии сатҳи миллӣ дар ҳизб ҲНИ-ро то ҷое маҳдуд кард. Домуллоҳои имрӯзаи ҲНИ ба сатҳи Нурӣ ва Ҳимматзода матраҳ шуда натавонистанд. Дар бораи Кабирӣ бошад, коршиносон ҳамеша мегуфтанд, паҳлӯҳои сиёсии ӯ аз Нурӣ, Ҳимматзода ва дигар пешвоёни ҳизб бештар ҳасту камтар не, аммо надоштани чеҳраи руҳонӣ Кабириро аз сатҳи Нурӣ ҳамеша поин нигоҳ доштааст. Дар ин панҷ сол суоле ба миён омад, ки ҲНИТ ҳамчун як созмони сиёсии мазҳабӣ то куҷо мавқеъгирӣ дошт? Ё то куҷо чеҳраи руҳонии он намудор буд?

Паҳлӯи дигаре, ки ба вижа дар солҳои ахир бештар эҳсос мешавад, тағйири муносибати ҳукумат бо ин ҳизб мебошад. Ба гуфтаи коршиносон, дар замони Нурӣ бо ҳама сару садоҳо ва мавқеъгириҳое, ки ин ҳизб доштааст, ҳукумат дар баробари он мавқеъи муътадилро пеша кардааст. Гуфта мешавад, ҳукумат дар он замон нисбат ба мавқеъгириҳои ҳизб ва Нурӣ хеле аз эҳтиёт кор мегирифт. Зеро имкон надошт, ки Нуриро ҳукумат эътироф накунад.

Нурӣ як шахсияти рамзӣ ва ҷониби сулҳ буд. Раиси Комиссияи оштии миллиро ба ӯҳда дошт. Болотар аз ҳизбаш нуфузи байналмилалӣ ба худ касб кард. Ҳатто мегуфтанд, ки ҳизб дар зери сояи ӯ қарор дорад. Нуфузи Нурӣ ӯро дахлнопазир карда буд. Чунин менамояд, ки имрӯз ҳукумат ба ҷойгузинҳои Нурӣ ҳамчун ҷониби сулҳ муносибат намекунад. Ин муносибатро коршиносон аз нуфузи ин гурӯҳ марбут медонанд.

Дар ин баробар раиси нав, яъне Кабирӣ ҳизбро аз маҳдудаи динӣ то андозае берун карду ба он ҷомаи дунявият низ пӯшонд. Сарфи назар аз он, ки Кабирӣ раҳбари як ҳизби сиёсии мазҳабист ӯро қисмате аз ҷавонон ҳамчун чеҳраи ислоҳотхоҳ қабул карданд. Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ӯ ҳанӯз ҳам кам намешавад, хоса вакте суханронии мантиқиву устувори ӯро дар маҳфилҳо, ҳатто дар суханронӣ дар назди президент мебинанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз бо ном раисони ҳизбҳо зимни мулоқот бо президент худро гум мекунанду суханрониашон бесару нук мешавад.

Аммо Кабирӣ на танҳо тавонист дар дохили кишвар, ки дар хориҷ ҳам ба як шахсияти шинохташуда табдил ёбад.

Бо ин ҳама барои мардум дар баробари мушкилот ва буҳронҳои мавҷуд хомӯш будани ҳизб маънии дигаре гирифт ва онро бархе аз таҳлилгарон «идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заъиф» ном бурданд.

Хомӯшии як ҳизби сиёсӣ, ки худро мухолифи ҳукумат медонад, ҳатто барои хориҷиҳо низ аҷиб менамуд. Гремм Лотен, собиқ сафири Британияи Кабир дар ҳамоише дар ҲНИ аз он сухан кард, ки дар сахттарин рӯзҳои мардум, ки дар зимистони соли 2008 аз гармӣ, барқу газ маҳрум буданд, ҲНИ сукут мекард.

Дар ин миён ҲНИ ду интихоботро аз сар гузаронд. Яке интихоботи президентӣ дар соли 2006 ва дигаре интихоботи парламентӣ дар соли 2010 буд. Дар интихоботи парламентӣ, ки онро коршиносон имтиҳоне барои ин ҳизб медонистанд, ҲНИ баҳои духураро ба даст овард. Агар бархеҳо аз маъракаи ташкилӣ ва омодагии қабл аз интихоботиро баҳои мусбат медоданд, аммо натиҷа ва боз дар хомӯшӣ фаъол будани ҳизб суолҳоро ба миён овард. Коршиносон мегуфтанд, сукут ва мавқеъи норӯшани ҲНИ дар бештари маврид дар қиболи амалкардҳои ҳукумат ба нуфузи он бетаъсир нахоҳад буд.

Дар ин солҳо Муҳиддин Кабирӣ чандин бор иддао кард, ки ҳадафи онҳо бунёди ҳукумати исломӣ набудаву мехоҳанд танҳо ҷомеаро исломӣ созанд. Бовуҷуд, ӯ мегӯяд ба ин ҳарфи онҳо кам касон бовар карданд. Аз ҷумла мақомоти ҳукумат.

Ахиран, дар чанд вақти ахир ҳангоми қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар парламент вакилони ҲНИ алайҳи як банди ин қонун, ки ба масҷид рафтани фарзандони синни то 18-соларо манъ мекард, ба шиддат интиқод карданд. Он ҳам аз забони муовини аввали раиси ҲНИ ва вакил дар парламент Саидумар Ҳусайнӣ садо дод.

Ба тундӣ интиқод кардани Саидумар Ҳусайнӣ аз бархе иқдомот ва тадбирҳои ҳукумат бори аввал нест. ӯ дар саҳифаҳои матбуот дар суҳбатҳояш низ ба тундӣ сухан мекунад. Аммо ин навбат ӯ дар минбари иҷлосияи парламент дар назди вакилон мавқеъгирӣ ва интиқоди сангине кард. Мавқеъгирии ӯ гумони онро, ки дар ҲНИ Кабирӣ барои раҳбарӣ ягона аст, зери суол кашид. Ин мавқеъгирии Ҳусайнӣ ва амалкардҳои ӯ то ҷое дарак аз он медиҳад, ки дар ҲНИ барои роҳбарӣ чеҳраҳои наве доранд шакл мегиранд, хосатан Ҳусайнӣ. Барои раиси ҲНИ шудани Ҳусайнӣ аз як нигоҳ таҷрибаи кориаш дар раёсати ҳизб, ки як вақт дар замони Нурӣ дабири кулл буд, яъне собиқаи наҳзатиаш ва домуллову чеҳраи руҳонӣ доштанаш ба раҳбар шудани ӯ созгор меояд. Инчунин, дар ду соли ахир таҷрибаи вакилиро аз худ кард ва муҳимтар аз ин, ҳимояи рисолаи илмиаш дар пажӯҳишгоҳи Фалсафаи Академияи илмҳо дар остонаи анҷомёбист. Аз назари мавқеъи ҷуғрофӣ низ омадани ӯ ба садри ҳизб баъид нест. Яъне ҳама он нишондодҳое, ки барои як нафар дар ваҳдати руҳониён бо ҳизб ва муносибат бо ҳукумат зарур аст, дар Ҳусайнӣ дида мешавад. Аммо дар мавриди зарфияти зеҳнии ӯ сухан гуфтан ҳоло мушкил метобад.

Сарфи назар аз он, ки дар раъси ҲНИ кӣ ҳаст, ё кӣ меояд, ба гуфтаи коршиносон ҳизб нерӯ мегирад. Аммо ин на ба хотири ҲНИ, ё Кабирӣ аст, зеро мардум хостаҳои худро аз ин роҳ баровардан мехоҳанд. Дар ин самт ҳам бошад, мавқеъи ҲНИ ҳамеша тааҷҷубангез буд, ки мегуфтанд, хоҳиши мардум аз мо болотар аз як ҳизби сиёсист.

Ин ҳама мавқеъгириҳо ва дар давоми панҷ соли ахир муҳофизакор будани ҲНИ тавонист ҳифзи ҳизбро таъмин кунад. Бо вуҷуди ҳама пешомадҳо раҳбари феълии ҳизб ба намоиш гузошт, ки ҲНИ на як ҳизби шахсиятмеҳвар аст. Агар чунин мебуд, бо гузашти Нурӣ тақдири ин ҳизб низ ба мисли ҲСТ ва ҲДТ мешуд, ки аввали бо марги Сафаралӣ Кенҷаев ва дувумӣ бо зиндонӣ шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба гуфтаи ҷонибдоронашон ба «ихтилофоти сохта» гирифтор шуданд.

Бархе таҳлилгарон дар робита бо тасмимгириҳои муҳофизакоронаи феълии ҲНИ мегӯянд агар ин ҷараён ҳамин тавр идома ёбаду ба сари раҳбарии ҳизб ягон руҳонии шинохта интихоб нашавад, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ҲНИ парчами исломи сиёсиро аз даст бидиҳад. Аммо ба кӣ? Ин як суолест ки ба он посухи мушаххас нест ва дувум муаммо ин аст, ки Кабирӣ чанде қабл эълом дошта буд, ки дар оинномаи ҳизбашон тағйиру илова ворид мекунанду имкони раҳбарии ҳизбро барои як нафар маҳдуд хоҳанд намуд. Дар сурати аз курси рафтани Кабирӣ ҷои ӯро кӣ хоҳад гирифт, суолест ки ҳам барои ҳукумат ва ҳам аъзои ҳизб дарди сарҳое дорад. Мисле, ки дар соли 2006 иттифоқ афтод…

Мактаби муосири миллӣ
Оё мо метавонем намунаи тоҷикии мактабҳои пешрафтаро ба вуҷуд орем?

Бознашр аз ҳафтаномаи «Нигоҳ»

Ба нақли устод Айнӣ, вақте маорифпарвари тоҷик Абдулвоҳиди Мунзим дар Бухоро аввалин мактаби замонавииро таъсис намуд, уламо ва ашрофи Бухоро бо таассуф ва ҳайрат ба иқдоми ӯ нигариста, мегуфтанд: «Абдулвоҳид як шахси фозил буд, чаро ба мактабу мактабдорӣ машѓул шудааст?» Ва пас аз чанде мактаби ӯ аз сӯи низоми аморатӣ ва дахолати пантуркистҳову душманони фикри тоҷикӣ (чун паз аз ин мактабҳои усули ҷадид бо тоториву ба ҳаджафҳои пантуркистон рӯйи кор омаданд, ки дар пушти онҳо русҳо меистоданд) баста шуд ва қазияи бесаводии миллӣ ба як даврони тӯлонии дигар тӯл кашид. Ин қиссаи сад соли пеш аст. Вале имрӯз аҳволи маорифпарварону мактабсозони тоҷик чист? Оё дар майдони рақобати мактабҳои хушсатҳу хушсифати хориҷӣ, мактаби хусусии тоҷикӣ низ метавонад рақобатпазир шавад? Оё рӯзе мерасад, ки элитаи тоҷик, вазиру вакилу сарватманди тоҷик бо бовариву ифтихор фарзанди худро маҳз ба мактаби тоҷикӣ гузорад ва мактаби тоҷикӣ низ барои фарзандони ӯ саводи муосири сатҳи байналмилалиро таъмин намояд? Оё мо метавонем намунаи тоҷикии мактабҳои пешрафтаро ба вуҷуд орем? Ин масъалаи муҳимми миллиро дар мисоли як мактаб, ки аз ҳисоби сармояи худ литсейи сирф тоҷикии «Раҳнамо»-ро таъсис додаанд, ба баррасӣ гирифтем. Литсейе, ки шиори «Бо фикри тоҷикӣ, бо кадри тоҷикӣ, бо пули тоҷикӣ, дар сатҳи ҷаҳонӣ!»-ро мадраки кори худ қарор додааст.

«Мактаби беҳтарин» чист ва куҷост?

Гарчӣ таътили тобистонист ва бачаҳо аз таҳсил фориѓанд, вале волидайни онҳо рӯи ин суол меандешанд, ки фарзанди худро ба кадом мактаб гузоранд? Шояд барои ҳар падару модари бомаърифати тоҷик ин суоли муҳиммтарин бошад. Зеро дар мактаби беҳтарин таҳсил намудани фарзандон баста ба ояндаи дурахшони онҳо орзуи ҳар падару модар аст.

Аммо «мактаби беҳтарин» чист ва куҷост? Имрӯз дар ҷомеаи мо мактабҳои хуб кам нестанд. Ва ҳар яке дар бахше ё самте имтиёзу дастовардҳои хубе доранд. Бешак, ҳар як дастоварди мактабҳои кишвар дастоварди кулли Тоҷикистон мебошад. Мутаассифона, аксари мактабҳои хуби мо тавозун ё баланси таълимиро аз даст додаанд: ҷое, ки дар таълими фанҳои дақиқ муваффақанд, дар омӯхтани фанҳои инсонию ҷамъиятӣ нокоманд, ё ҷое, ки дар омӯхтани фанҳои ҷамъиятӣ пешраванд, дар омӯзиши фанҳои табииву дақиқ бепарвоянд. Ё гоҳо шогирдони мактабҳое, ки забони хориҷиро хуб меомӯзанд, ба забони миллӣ дураст ҳарф зада наметавонанд ва ё гоҳо хонандагони мактабҳое, ки асосан ба арзишҳои ѓарбӣ такя доранд, аз рӯҳияву арзишҳои миллӣ бисёр дур мондаанд ва гоҳо баракси ин… Гоҳо шогирдоне, ки дар озмуни риёзӣ ѓолиб меоянд, аз оддитарин диктант баҳои хуб гирифтанашон дар гумон аст. Бештар вақт шоҳиди рушди номувозин ё якҷонибаи муҳассилин мегардем.

Ин аст, ки бо вуҷуди ин ҳама литсейю гимназияҳои муосир, ба падару модари бомаърифати тоҷик интихоби «мактаби беҳтарин» барои фарзанди азизи худ ҳанӯз ҳам осон нест. Яъне интихоби мактабе, ки ба шогирдаш тафаккуру маънавияти баланд ва илму технологияи муосирро бо ҳам омӯзад ва дар ин баробар интихоби мактабе, ки номуси миллӣ ва биниши байналмилалиро бо ҳам бидиҳад, ҳанӯз як мушкилаи ҷиддиест дар ҷомеаи имрӯзаи мо. Албатта, дар канори мақомоти маориф барои ҳалли ин масъалаи миллӣ доираҳои фикрию соҳибкории хусусӣ низ талошҳоеро анҷом медиҳанд. Ва таъсиси литсейи «Раҳнамо» аз ҷумлаи талошҳоест барои додани посухи амалӣ ба ин ниёзи мубрами миллӣ аст. Аввалин ҳадафи ин литсейи хусусӣ, ки акнун соли дуюм дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад, ҳамин аст, ки тавозуни фикрӣ, маънавӣ, илмӣ ва фарҳангии талабаҳоро ташаккул бидиҳад.

Пас агар дар шароити имрӯза рӯи ибораи «мактаби беҳтарин» биандешем, мактаби беҳтарин маҳз ҳамон аст, ки ҳамин тавозуни барои ояндаи ҳар шахс ҳаётан муҳимро таъмин намояд, яъне ҷамъи донишу ҷаҳонбинӣ, ҷамъи саводу ахлоқ, ҷамъи арзишҳои миллӣ ва фаҳмиши байналмилалӣ, хулоса, ҷамъи илму маънавият. Ва литсейи «Раҳнамо» ҳадаф гузоштааст, ки маҳз чунин мактаб бошад. Ба он баҳо дода наметавонам, ки ба ин ҳадафҳо ин мактаб то куҷо дастёб гардид ва мегардад, аммо муҳим аст, ки бо чунин ҳадафҳо мактабҳо дошта бошем.

Мактаби миллӣ ва ояндаи миллӣ

Вақте сухан аз давлати миллӣ, истиқлолияти миллӣ, фарҳанги миллӣ ва ифтихори миллӣ меравад, агар мактаб ин арзишҳоро дар зеҳни бачаҳо ҳамчун арзишу муқаддасоти воқеӣ ҷой надиҳад, дар марҳилаҳои дигари ҳаёт ба бовари шахс табдил шудани ин арзишҳо осон нест. Агар ба ин масъала бо назари амалгароёна нигарем, метавон гуфт, ки имрӯз фарзандони аксари нухбагони сиёсӣ ва элитаи иқтисодии мо дар мактабҳои бисёр хубе таҳсил мекунанд, ки аксаран унвони мактабҳои хориҷиро доранд. Масалан, литсейҳои туркӣ, мактаби байналмилалӣ, мактабҳои муштарак, мактабҳои назди сафоратҳои хориҷӣ, мактабҳои низомиёни Русия в.ѓ. Ҷои баҳс надорад, ки ин мактабҳо дар ҳақиқат собиқаю таҷрибаи калони таълимӣ дошта, сатҳи хуби донишро барои хонандагон таъмин мекунанд. Ба он назар нестам, ки ба ин мактабҳо бо нигоҳи таассуб нигарем. Бигзор онҳо бошанд ва фаъолият намоянд. Вале як чизе, ки ҳамчун орзуи миллӣ ҳамвора моро ором намегузорад, ин аст, ки кай мо низ бо нирӯи худ варианти тоҷикии чунин мактабҳои хубу муосирро соҳиб мешуда бошем, то бо ифтихор бигӯем, ки инак мактаби миллии тоҷикӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ баромад!Бо ҳамаи эҳтиром ба мактабҳои хуби хориҷибунёди мо, умедворам касе моро барои доштани чунин орзуи миллӣ маҳкум намекунад.

Ҳар яки он нухбагоне, ки фарзандонашон дар литсейҳои хориҷибунёд таҳсил мекунанд, бовар дорам, қодиранд, ки худ сарпарасти мактабихои тоҷикибунёд бошанд.

Шиори литсейи «Раҳнамо» «Бо фикри тоҷикӣ, бо кадри тоҷикӣ, бо пули тоҷикӣ, дар сатҳи ҷаҳонӣ!» моро ба андеша вомедорад. Ин падидаро мешавад, ба хушнудӣ пазируфт, ки дар дохили кишвар аз ҳисоби сармоядорони тоҷик мешавад, ки барои мактаби миллии тоҷикӣ сармояҳо ва имкониятҳои бисёр ҷиддии худро дареѓ надоранд. Бо ин гуфтанӣ нестам, ки дигар мактабҳо бо сармояи тоҷикӣ нестанд. Зеро ҳар мактаби хориҷибунёде, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад, бо маблаѓи тоҷик асту …

Дар мисоли литсейи «Раҳнамо» мешавад гуфт, ки сармоядорони мо низ метавонанд, сарфи андешаи миллӣ ва сармояи миллӣ мактаби миллии тоҷикиро ба сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ кунанд. Яке аз заруратҳои таъкид бар ҳифзу парвариши ахлоқу тафаккури миллӣ дар муҳити мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо дар он аст, ки мо бояд барои ояндаи кишвари худ низ кадрҳои худӣ омода намоем. Мутаассифона, аксари бачагоне, ки дар мактабҳои муосир хонда дониши хуби муосир мегиранд, ҳанӯз аз синни мактабӣ дар сар барномаи онро доранд, ки баъди хатми мактаб ё донишгоҳ ба хориҷи кишвар раванд ва он ҷо барои худ коре ёбанд. Агар як сабаби ба хориҷ кӯчидани маѓзҳои беҳтарин дар набудани шароити сазовори кору фаъолият дар дохил бошад, як сабаби дигари он дар рӯҳияи арзишҳои асосан ѓарбӣ тарбият ёфтани ин ҷавонон аст, ки аз назари арзишӣ ва тарзи тафаккуру зиндагӣ ояндаи худро ҳамеша дар он ҷомеаҳо тасаввур мекунанд. Ва аз ин рӯ, ба маҳзи ба даст омадани имкон мераванд… Аз ин хотир, тарбияи рӯҳияи миллӣ ва ватандорӣ дар хонандагони мактабҳо яке аз замонатҳои дар оянда дар ватани худ кор кардани онҳо мебошад. Дар ѓайри ин сурат, амалан чунин мешавад, ки мактабҳои беҳтарини мо барои хориҷа мутахасис тарбият мекунанд.

Пайванди илм, истеъдод ва шахсият

Масъалаи дигаре, ки имрӯз дар аксари мактабҳо рӯбарӯ мешавем, дар фазои умумӣ маҳв шудан ва ё фаромӯш шудани шахсияту ҳайсияти фардии хонандагон аст. Ба болои ин, гоҳо ба илму назария фурӯ рафта, аз амалияву истеъдод дур мондани онҳо мушоҳида мешавад.

Таъсиси литсейҳое амсоли «Раҳнамо» қадами устуворе дар ташаккули иқтисоддонон, бозаргонон ва соҳибкорони миллӣ мебошад. Шахсиятҳое, ки ҳам номуси миллӣ, ҳам дониши ҷаҳонӣ, ҳам қудрати фикрӣ, ҳам ахлоқи бозаргонӣ ва истеъдоди муосири соҳибкорӣ дошта бошанд. Яъне элитаи иқтисодии миллии тоҷикро ба вуҷуд оваранд.

Тибқи барномаи таълимии ин литсей, ки Вазорати маорифи ҶТ тасдиқ намудааст, пас аз худ кардани донишҳои асосӣ аз фанҳои дақиқу ҷамъиятӣ, дар синфҳои болоии литсей шогирдон донишҳои иқтисодӣ, ахлоқи бозаргонӣ ва маҳоратҳои амалии тиҷорию соҳибкориро бевосита аз соҳибкорони машҳуру муваффақи кишвар фаро мегиранд. Яъне, хонандагони синфҳои болоӣ моҳе бо ду нафар шахсияти машҳуру муваффақи соҳаҳои иқтисод, молия ва соҳибкорӣ мулоқот карда, бо онҳо якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ мехӯранд ва ё ба саёҳат мераванд. Моҳияти ин равиш дар он аст, ки ба ин восита, онҳо шахсиятҳои муваффақро фақат дар телевизонҳо намебинанд, балки бо онҳо менишинанд ва сӯҳбат мекунанд ва дар натиҷа, худ низ шахсият мешаванд…

Бо пайдо шудани чунин мактабҳо метавон гуфт, ки акнун насли нави мо метавонанд дар дохили кишвар, дар мактаби муосиртарини тоҷикӣ, дар шароити олӣ саводи амиқ ва посухгӯи меъёрҳои байналхалқӣ гиранд. Ин аст, ки вақте дар бораи мафҳумҳое чун рушди ҳамаҷонибаи фарзандон, тавозуни (баланси) фикрӣ, илмӣ ва ахлоқии онҳо, ояндаи кадрҳои миллӣ, парвариши ҳамзамони савод ва шахсият дар бачаҳо фикр мекунем, бо як умеде ба муассисаҳое чун литсейи «Раҳнамо» менигарем.

Оё мактабсозони дохилӣ ноумед мешаванд?

Президенти кишвар ҳамеша бар рушди мактабҳои хусусӣ таъкид менамояд ва вазорати маориф низ дар ин самт фаъолиятҳое аз худ нишон медиҳад. Аз ҷумла ҳузури вазири маорифро гоҳо дар литсейҳои хусусӣ мебинем.

Вале дар баробари вазорати маориф, ки масъули соҳа мебошад, гуфта мешавад, аз дигар ниҳодҳо низ рӯи мактабҳои навтаъсиси тоҷикӣ тафтишҳои пайиҳами мақомоти мухталиф сурат мегирад. Аз ин бархӯрд суол гузоштан бемаврид нест, ки гӯем ин тафтишҳо масъулини литсейҳои тоҷикиро хаста намуда, боис ба «эрка»-тар гардидани литсейҳои хориҷибунёд намешавад? Ҳангоми тафтиш барои намояндагони баъзе аз мақомот тафовути байни мактаб ва корхонаи саноатӣ ё фурӯшгоҳ чандон муҳим нест.

Ба ин манзур, хеле муҳим аст, ки барои истеҳкоми истиқлоли фикрӣ ва ҷалби чашмгири насли нави кишвар дар марҳалиаи тозаи давлатдориву миллатсозии мо, рушди мактабҳои хусусие чун литсейи «Раҳнамо» имкониат дода шавад. Роҳбарияти маориф ҳам бояд дар дастгирӣ ва рушд додани чунин макотиб таваҷҷуҳи бештар роҳандозӣ кунад. Будани чунин макотиб ниёзи ҷомеаҳои муосир аст. Вуҷуди чунин мактабҳоро набояд ба манзалаи тафовут аз макотиби низоми умумӣ бишносем ва нигоҳои манфиеро ба онҳо дошта бошем. Зоишгоҳи фикрӣ миллӣ бешак мактабу донишгоҳои миллиянд, на мактабҳои хориҷибунёду муштарак.

Бо умеди фардои рӯшани миллат.

«Барои иттиҳоми хабарнигор далели бебаҳс надоранд!»
Бознашр аз ИмрӯзNEWS

Файзинисо Воҳидова

Мусоҳиба бо Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбой Усмонов, ки бо иттиҳоми аъзои Ҳизби таҳрир будан, аз ҷониби мақомот дар вилояти Суғд боздошт гардидааст.

ИмрӯзNEWS: – Дар тафтишоти парвадаи ҷиноятии хабарнигори Би-Би-Сӣ чӣ пешравиҳо ба назар мерасад?

Файзинисо Воҳидова: – Нисбат ба Ӯрунбой Усмонов тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ тибқи Кодекси ҷиноятӣ модаи 307 прим 3 қисми 2 беш аз ду ҳафта мешавад, ки идома дорад. Парвандаро тибқи ин мода, яъне шомил шудан ва иштирок кардан дар фаъолияти гурӯҳҳое, ки характери ифротгароӣ дорад ва фаъолияти онҳо дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суди эътибори қонунӣ пайдо намуда, мамнӯъ гардидааст, оғоз намудаанд.

Дар ин зимн аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд барои ҳабси ӯ қарор карда шуд, дар асоси қарори суди шаҳри Хуҷанд чораи пешгирии ӯ барои нигоҳ доштан дар ҳабс ба тасвиб расид.

Дар ҳафтаи охир, ки бо иштироки бевоситаи ман як қатор амалиёти тафтишотӣ гузашт, бевосита он иттиҳомоте, ки тафтишоти пешакӣ, ки нисбат ба ӯ пешниҳод карда буданд, ки гуё аъзои Ҳизби мамнӯъгардидаи таҳрир мебошад, исботи худро наёфт. Тафтишот бо ягон далел исбот карда натавонист, ки ӯ ягон вақт ба ин ҳизб шомил шудааст, ё умуман аъзои ин ҳизб буд. Чун дар вақти рӯбарӯ намоӣ бо дигар аъзоҳои ин ҳизби мамнӯъгардида, он нафарон тасдиқ накарданд, ки журналист аъзои Ҳизби таҳрир мебошад.

Бинобар ин, дар айни замон айбномаи ӯ дар қисми фаъолияти касбии ӯ мондааст. Яъне имрӯз тафтишот айбдор карда истодааст, ки зимни фаъолияти касбиаш ӯ якчанд вохӯрӣ бо аъзоёни Ҳизби таҳрир анҷом дода, инчунин барои мутолиа адабиёти ҳизби фаъолияташ мумнӯъбударо гирифтааст. Тафтишот як фарзия дорад, ки ӯ ҳамчун журналист новобаста аз фаъолияти касбиаш аз иттилооти ҷамъовардааш дар бораи шахсияти аъзоёни ҳизби манъшуда ва ашхосе, ки ба ӯ адабиётро оварда доданд, бояд расман ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекард. Яъне имрӯз муттаҳам карда истодаанд, ки ӯ беамалӣ ва беэътиноӣ зоҳир кард. Ин беамалии ӯ ба он оварда расондааст, ки шахсоне, ки чанд соли ахир дар кофтукоби ҷиноятӣ қарор доштанд, дар озодӣ монда, як муддат фаъолияти ҳизбии худро идома дода, шояд чанд нафари дигарро ба ин ҳизб даъват карда, аъзои ҳизб намуда бошанд.

ИмрӯзNEWS: – Пас агар пайрави Ҳизби таҳрир будани ӯ исбот нашуда бошад, модае, ки журналистро бо он гунаҳкор мекунанд, яъне модаи 307 аз парванда берун шуд?

Файзинисо Воҳидова: – Не. Як қатор ҳаракатҳои ҷиноӣ дар он модда пешбинӣ мешавад. Фикр мекунам, ахиран, ба ӯ бо дигар мода айб эълон мекунанд. Яъне барои хабар нарасондан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

ИмрӯзNEWS: – Ҳоло ба чунин тасмим нарасидаанд?

Файзинисо Воҳидова: – Шояд дар ахир ба чунин хулоса бирасанд. Лекин, имрӯз мақомоти тафтишоти пешакӣ қоил шуд, ки дар ҳақиқат ӯ аъзои Ҳизби таҳрир нест. Бо ваҷҳҳо ва мавқеъи мо онҳо розӣ шуда, ҳамфикр мебошанд.

ИмрӯзNEWS: -  Пас, тафтишоти минбаъда сирф марбут ба фаъолияти журналистии ӯ мебошад?

Файзинисо Воҳидова: – Албатта, бевосита дахл дорад. Пешгӯӣ кардан, наметавонам. Вале тасаввур мекунам, ки чун имрӯз амалиёти тафтишотӣ дар атрофи Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» сурат гирифт. Бахусус, моддаи 22-и ҳамин қонун, ки дар бораи аз ҷониби журналист зимни фаъолияти касбиаш маълумотҳоеро, ки доир ба ҳизбҳои сиёсии фаъолияташ мамнӯъгардида нашр мекунад, мавод тайёр мекунад, манъ карда шудааст. Ва бо ишора бо ҳамин модаи қонун амалиёти тафтишотӣ сурат гирифт.

Умуман, таи ду-се рӯзе, ки амалиёти тафтишотӣ гузаронданд, танҳо дар атрофи талаботи модае, ки ҷавобгариро барои хабар надодан пешбинӣ намудааст.

ИмрӯзNEWS: – Дар ин миён бо журналист чанд маротиба вохӯрдед?

Файзинисо Воҳидова: -  Аз санаи 20-уми июн, ки ба ман барои дидор бо журналист иҷозат доданд, ҳар рӯз амалиёти тафтишотӣ гузаронда истодаем. Бо ӯ вомехӯрам.

ИмрӯзNEWS: – Журналисти маҳбасӣ вобаста ба ин қазия чӣ мегӯяд?

Файзинисо Воҳидова: – Аз рӯзи аввал ӯ инкор кард, ки аъзои ҳизб нест. Танҳо зимни фаъолияти касбиаш дар 10-соли ахир аз толори суд оид ба аъзоёни Ҳизби таҳрир ва фаъолияти онҳо барномаҳо омода намуда, дар радиои Би-Би-Сӣ пахш мекард. Бинобар ин, ӯ мегӯяд, ҳамчун журналист ӯҳдадор нестам, манбаи иттилоро ифшо намоям. Лекин тафтишот бо ин ваҷҳи Усмонов розӣ нест. Онҳо мегӯянд, ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ, аз он ки медони узви Ҳизби таҳрир мебошанд, бояд маълумот диҳӣ. Вале дар ҳамон лаҳза ӯ намедонист, ки онҳо аъзои Ҳизби таҳрир ҳастанд.

ИмрӯзNEWS: – Вобаста ба ин қазия сафоратҳо ва созмонҳои журналистӣ зиёд вокунишҳо карданд. Ин вокунишҳо ба раванди тафтишот таъсире дошт?

Файзинисо Воҳидова: – Дар раванди тафтишоти садҳо нафароне, ки бо иттиҳоми пайравӣ аз Ҳизби таҳрир боздошт мешаванд, ширкат кардаам. То ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ онҳо дар тақвифгоҳи муваққатии амният ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳоле, ки зиёда аз се рӯз дар он ҷо нигоҳ доштан мумкин нест.

Боздоштшудаҳо бо иттиҳоми пайрави Ҳизби таҳрир дар он ҷо то 8 моҳ маҳбас мешаванд. Танҳо баъд аз он, ки парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида, ба суд ирсол мешавад, онҳоро ба маҳкамаи тафтишотӣ интиқол медиҳанд.

Вобаста ба қазияи Ӯрунбоев созмонҳои журналистӣ зиёд вокуниш нишон доданд. Ин вокунишҳо буд, боздошти журналист дар тақвифгоҳи амният риоя гардида, ӯро ба маҳкамаи тафтишотӣ интиқол доданд.

ИмрӯзNEWS: – Гуфта метавонед, ки тахминан ин тафтишот чанд рӯз идома мекунад?

Файзинисо Воҳидова: – Дар асоси қарори суди шаҳри Хуҷанд мӯҳлати нигоҳдоштани ӯ дар ҳабси пешакӣ ва истеҳсоли тафтишот ду моҳ муқаррар гардидааст. Агар дар ин ду моҳ муфаттиш тафтишотро ба итмом расонда натавонад ва зарурати тамдид додан ояд, бо дархост барои дароз намудани мӯҳлати тафтишот ва нигоҳ доштанаш дар ҳабс ба суд муроҷиат мекунад. Фикр мекунам, дар айни замон дар зиёда аз ду ҳафта, ки тафтишот нисбат ба ӯ ягон далели бебаҳс пайдо карда натавонист, бешубҳа мегӯям, ки то мӯҳлати ду моҳ журналистро боздошта наметавонанд.

ИмрӯзNEWS: – Дар фаъолияти вакилии Шумо бароятон ҳимояи журналист аз дигар зерҳимоятгаронтон тавоффут дорад?

Файзинисо Воҳидова: – Фаъолияти журналистӣ нозукиҳои худро дорад. Ба андешаи ман, имрӯз мақомот тафтишоти пешакии журналистро бо шаҳрванди одӣ баробар карда наметавонад. Барои он ки шаҳрванди одӣ ӯҳдадор аст, ки агар дар бораи ҷиноят маълумот гирад, бояд ҳатман ба мақомоти дахлдор хабар диҳад. Лекин журналист зимни фаъолияти касбиаш манбаъи иттилоашро ифшо намояд, ин бевосита ба ҳаёт ва саломатии журналист хатар дорад.

Тасмим гирифтам, дар назди мақомот исбот кунам, ки касби журналистӣ нозукиҳои худро дорад, ки онҳоро бо дигар ашхос баробар кардан берун аз мантиқ аст. Журналист ба ҷуз Кодекси ҷиноятӣ қонуне дорад, ки соҳаашро танзим мекунад.

Таҷрибаи ҳуқуқии кишвар нишон медиҳад, ки судҳои мо мустақил нестанд, аз ӯҳдаи таъмин намудани адолати судӣ намебароянд, инро кушоду равшан мегӯям. Зеро дар давлате, ки дар як сол ақалан як ҳукми сафедкунанда вуҷуд надорад, аз ин рӯ шояд хато кунем, ки ин ҷомеаро ҷомеаи ҳуқуқӣ бигӯем. Дар давлати демократии ҳуқуқбунёд бояд судҳо мустақил бошанд.

Аз сабаби он, ки судҳои мо мустақил нестанд ва адолати судиро таъмин намекунанд, бинобар ин фарқ надорад, ки судшаванда журналист, вазир, ё шаҳрванди одӣ аст.

ИмрӯзNEWS: - Зиёд мурофиаҳо нишон дод, ки вақте дар курсии айбшавӣ журналист менишинад, мақомот, ҳатто судяҳо дар симои ӯ мухолифи миллату давлатро дидан мехоҳанд…

Файзинисо Воҳидова: – Бале, чунин ҳам ҳаст. Вақте журналист дар курсии айбдоршавӣ менишинад, нисбат ба ӯ бо як нафрат нигоҳ мекунанд. Чун медонанд, ки журналист шахсе ҳаст, ки инъикосгари воқеъият мебошад. Аз камбудиҳои мақомоту судяҳо менависад.

Дар тамоми нашрияҳои Тоҷикистон ба унвонии президент шикоят аз фаъолияти судяҳо чоп шудааст ва хеле зиёд ҳам ҳаст. Вақте президент бовар карда, адолати судиро ба дасти онҳо медиҳад, бо вуҷуди он, ки шаҳрвандон ба онҳо бовар надоранд, роҳи ҳали мушкили худро ба воситаи расонаҳо ба президент расондан мебинанд.

Манъи ибодати то 18-солаҳо дар масҷид аз ҷониби вакилон
Бознашр аз «ИмрӯзNews»

вазири маориф бо вакилони ХНИТ

Парламенти Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расонд. Лоиҳаи ин қонун, ки дар миёни мардум таи чанд моҳ муҳокима гардид, дар парламент низ наздики ду моҳ баррасӣ карданд. Рӯзи гузашта ҳангоми баррасии Лоиҳаи Қонуни мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баҳси вакилон бештар дар мавриди моддаи 8 зербанди 14, ки ба масҷид рафтани ноболиғонро маҳдуд мекунад, сурат гирифт. Билохира, ин Қонун чунон қабул шуд, ки ба масҷид рафтан, ё ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ машғул гардидани нобилоғони то ба сини 18-ро мамнӯъ кард. Дар ин баробар наврасон ва ҷавонон то ба сини 20 ҳақи онро надоранд, ки ба нуктаҳои дилхушӣ бираванд.

Мавқеъи вазир

Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, ки дар назди вакилон тарҳи лоиҳаи мазкурро шарҳу тавзеҳ медод, гуфт, лоиҳаи Қонун ба тасвиб нарасида, дар ҷомеа асари мусбат гузошт. ӯ мегӯяд, баъд аз он, ки мардум дар муҳокимаи тарҳи лоиҳа ширкат мекарданд, сафи ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасон рӯ ба поин ниҳодааст.

Барои баррасии таклифу пешниҳодоти мардум гурӯҳи корӣ амал мекард, ки ба иттилои вазир беш аз 11 000 назару андешаҳои шаҳрвандонро баррасӣ намуда, 8 000 таклифу пешниҳодҳоро пазируфтанд ё напазируфтанд ва беш аз 4 000 таклифу пешниҳод қабул гардидааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, яке аз масъалаҳое, ки ҳангоми тартиби лоиҳа ҳамеша мавриди баҳс қарор мегирифт, моддаи 8 зербанди 14 будааст. ӯ дар ин маврид, яъне дар бораи ба масҷид рафтан, ё нарафтани нобилоғон изҳор дошт: «Ҳар як касе, ки дар муассисаи таълимии динӣ, дар масҷидҳо таҳсил мекунад, ҳуқуқи пурра иштирок карданро дар масҷидҳоро дорад. Вале касоне, ки дар муассисаҳои таълимии давлативу дунявӣ таҳсил мекунанд, ҳангоме, ки дарс рафта истодааст, ҷуфти сеюму чаҳорум ба вақти намоз рост меояд, аксари хонандагон бериоя кардани тартиби оинномавӣ ва аз ҳама муҳим қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» дарсро шикаста ба масҷид мераванд, мо онро албатта маҳкум намудем. Дар рӯзҳои идҳои диние, ки қонунгузорӣ иҷозат додааст, кӯдакон ҳуқуқ доранд, ки дар маъракаҳо ва маросимҳо иштирок кунанд».

Ин суханонро вазир дар суханронии аввали худ дар назди вакилон иброз намуд. Вақте аз ҷониби вакилони ҲНИТ ва дигар вакилони парламент, дар бораи ин банд баҳсе сурат гирифт, вазир мавқеъи худро чунин равшан кард: «Ман пеш аз ҳама тарафдори ин қонун ҳастам, таблиғотгари ин қонун ҳастам ва бахусус, тарафдори он ҳастам, моддаи 8 банди 14 дар шакле, ки ҳаст қабул карда шавад. Яъне ба масҷид рафтани ноболиғон тибқи моддаи 4 банди 15-и Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба инобат гирифта шавад. Ба масҷид рафтани хонандагон ва донишҷӯён манъ карда шавад».

Масҷиду шаробхона

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин маврид пешниҳод намуданд, ки ин банди лоиҳаи Қонун бо каме тағйирот ва илова қабул карда шавад. Онҳо пешниҳод мекарданд, ки «иштироки фарзандро ҳангоми таълим» дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ маҳдуд кунад.

Намояндагони ин ҳизб дар парламент мегуфтанд, дар умум ҷонибдори ба тасвиб расидани Лоиҳа мебошанд. Муҳиддин Кабирӣ, вакил ва раиси ин ҳизб моддаи 8 зербанди 14, ки рафтан, ё нарафтани ҷавонони сини то 18-соларо ба масҷид маҳдуд мекунад, аз нуктаи мушкилоти лоиҳа номид. ӯ мегӯяд: «Мақсади мо ҳам ҳамин аст, ки оянда насли мо бо тарбия, донишманд, огоҳ, академик ва алома бошад. Чи гуна бояд ба он расид? Оё бо роҳи манъ кардани як ҷавони то 18-сола ба масҷид метавон ба ин ҳадаф расид? Агар воқеан, ҳамин тавр бошад, мо мушкил надорем. Ҳарчи мантиқӣ бошад, шахсан, худам умед дорам, ки касоне, ки дар ҷомеа аз мо ҷонибдорӣ мекунанд, қабул хоҳанд кард. Вале нашавад, мо барои расидан ба ҳадафҳои нек, бо механизмҳои номувоффиқ худамонро аз ин ҳадафи нек маҳрум кунем ва ҳам дучори як мушкилии дигар шавем». Ва дар идома мегӯяд, аз рӯи матни Қонун бармеояд, ки мантиқан, агарчӣ навишта нашудааст, ҳамон хатареро, ки як шаробхона дорад, масҷид ҳам ҳамон хатарро доштааст. Суол мегузорад, ки вагарна чаро манъ мекунем?

Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи дигари ҲНИ дар парламент лоиҳаи Қонуни мадии назарро «идомаи силсила иқдомҳое» меномад, ки «барои маҳдудкардани озодиҳои динии мардуми мусалмон дар Тоҷикистон муддатҳост, ки идома дорад». Ба ин гуфтааш манъи азон гуфтан бо баландгӯяк, маҳдуд намудани ба масҷид рафтани занҳо, берун кардани духтарони ҳиҷобдорро аз макотиб … то боздошти ришдорҳоро мисол меорад.

Асри 21, асри илму техника барои ибодат нест?

Вакилон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ мехостанд, бо ҳар далел исбот намоянд, ки ба масҷид рафтани ҷавони то 18-сола бояд манъ шавад. Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм, маориф ва ҷавонони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: «Мо ба ҳамин ақида ҳастем, ки фарзанд бояд дониш омӯзад, аз паи омӯхтани касбу ҳунар гардад, бигзор падару модар дар оила асосҳои арзишҳои диниро сарчашма гиранд, дар оила омӯзанд. Асри 21 асри илму техника фарзандони мо босавод шаванд, соҳиби касбу ҳунар ва мутахассис шаванд. Дар сархати қонун омадааст, ки ҳатман вақти наврасон самаранок истифода шавад ва онҳо аз паи омӯхтани дониш шаванд».

Давлаталӣ Давлатзода, вакил аз ҲХД низ ба ин монанд андеша дорад, ки дар ҷаҳони имрӯз, ки бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, мо дар паи баҳси ҳиҷобу либоспӯшӣ ҳастем: «Мо дар ин ҷо дар бораи ба масҷид нарафтани кӯдакон, ё сару либоси занҳо баҳс мекунем, лекин имрӯз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ба даст овардани сайёраҳои дигар маҳтоб, миррих ва дигар сайёраҳо барои таъмини манфиатҳои кишварҳояшон бо ҳам мусобиқа карда истодаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз дар асри 21, асри илму маърифат фарзандҳои мову шумо бояд барои донишҳои муосир ҷаҳду талош кунанд, на дар назди шахсоне саводомӯзӣ кунанд, ки баъзан базур синфи 4-ро тамом кардаасту на саводи ин дунёро дораду на саводи он дунёро».

Махфират Хидирова, раҳбари фраксияи ҲХД дар парламент хатари ба масҷид рафтани ҷавонони то сини 18-соларо чунин шарҳ дод: «То як дараҷа ворид намудани маҳдудият дар ширкати фарзанд дар раванди фаъолиятҳои иттиҳодияҳои динӣ дар ҷомеа ошкор шуд, ки ба ин масъала диққат додан зарур аст. Дар ҳамин давра ба мафкураи фарзанд таъсир расондан осон аст ва онҳоро метавонанд гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор ба мақсадҳои худ истифода баранд. Воқеъаҳои на он қадар дуре, ки дар шарқи кишвар шуд, нишон медиҳад, ки баъзан падару модарони мо худ мусоидат карданд, ба оне, ки фарзандҳояшон ба ҳамин гурӯҳҳои террористӣ шомил шаванд…».

Писари мулло дар парламент

Ҳамагӣ аз он сухан мекарданд, ки бояд пешниҳоди Лоиҳа дар моддаи 8 зербанди 14 бетағйир бимонад. Тавре гуфтем, далелҳое пеш меоваранд. Барои исботи дурустии даъвояшон аз хатари ифротӣ шудан, дур мондан аз илму техника сухан мекарданд. Аммо Шакарбек Самадов, муовини раиси фраксияи ҲХД дар парламент ва вакил аз шаҳри Панҷакент барои ҳимоя барои дастгирии он, ки ҷавонони то 18-сола ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ машғул нашаванд, ё ба масҷид нараванд, аз таҷрибаи худ сухан карда, аз гузаштагонаш низ ёд кард. ӯ гуфт: «Вақте 20 сол пеш истиқлол шуд, дар Панҷакент 25 масҷид буд ва 130 мактаб. Вақте мо гуфтем, ки озодии дин марҳамат намозро хонед, пас аз 10 соли истиқлолият шумораи масҷидҳо дар Панҷакент ба 198-то расид, шумораи мактаб ҳамагӣ ба 135-то. Ба ғайр аз ин вақте кӯдакҳо ба масҷид рафтанд, соли 2003 мардум, мӯйсафедон, солхӯрдаҳои Панҷакент ба хулосае оманданд, ки кӯдакон бояд ба масҷид наоянд. Дар аксар масҷидҳо кӯдакҳо намозҳоро вайрон карданд».

Далели дигаре, ки ин вакил нақл кард, аз таҷрибаи кориаш ҳангоми муовини раиси вилояти Суғд буданаш аст. Ба таъкиди ӯ, дар ноҳияи Зафаробод он донишҷӯёне, ки намоз мехонданд пахта намечинданд.

Ахиран, аз гузаштагонаш сухан карда, иброз дошт: «Падари ман на дар ягон масҷид хонден, на ягон мадрасаро тамом кардаанд. Лекин то имрӯз худораҳматии падари маро Мулло Додхон мегӯянд, ё маро писари Мулло Додхон. Он кас бо худомӯзӣ ҳамин қадар илм омӯхта буданд, ки муллоҳои мадрасаро хатм карда, баробари он кас китоб хонда наметавонистанд».

Аз марзи имондорӣ то куфр

Билохира, вакилони парламент моддаи 8 зербанди 14, яъне «Иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд» ба овоз монданд. Ба ҷонибдории он, ки фарзандон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ширкат накунанд, яъне ба масҷид ҳам нараванд, 51 вакил раъй доданд. 2 вакил муқобил ва 2 вакил бетараф овоз доданд. Ҳамин тавр ин банди баҳсбарангез бетағйир қабул гардид.

Саидумар Ҳусайнӣ ҳангоми суханрониаш ба муроҷиат ба вакилон гуфт, бо қабул кардани ин банд як мушкилоти зиёдеро ба мардумамон меорем: «кишвар, ҳукумат ва миллати хешро дар маърази ғазаби Худо қарор дода, хории дунё ва азоби охиратро барояш сабаб мешавем. Чунки Худованд дар Қуръон дар сураи Бақара ояти 114 овардааст: «Кӣ золимтар аз он касе ҳаст, ки намегузорад, то мардум дар масоҷиди Худо Ӯро ёд кунанд ва бад-ин васила масоҷиди Худоро хароб менамояд, онҳо мебоист ба масоҷид танҳо ба хотири тарси Худо медаромаданд, барои чунин ашхос дар дунё хорӣ хоҳам овард ва дар охират азоби сангине барояшон дар назар аст». Ва дар интиҳои ин гуфтааш илова намуд, аслан, ин огоҳиест, ки Худованди олам дар Қуръонаш ба мо фиристодааст.

Табиби «Вабои ҷавонмардкуш» дар Тоҷикистон кист?!
Бознашр аз «ИмрӯзNews»

тобути Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири 20-солаи тоҷик (январи 2009)

Бо талаби касб дар бораи даҳҳо, ҳатто садҳо иттилоъ бо ҳамкорону ҳамкасбонам мубодилаи афкор мекунам. Ба коршиносону ниҳодҳои давлатӣ ва дигарон дар тамос мешавам. Имрўз ҳам чунин буд. Вале дар бегоҳии рўз сармуҳаррир файлеро дар папкаи кориам гузошт, бо номи «МАЪЛУМОТ БАРОИ АБДУАЗИМ». Маълумоти пешниҳодшударо хондам. Бо касе ҳоҷат ба мубодилаи афкор набуд, бароям ба коршиносеву ниҳоде занг задан зарурат надорад…

Дигар як амри маъмулӣ, як воқеъияти ҳаёти зиндагии тоҷикистониҳо шудааст, ки ҳар рўз хабари «ба сар овардан»-и ҷавонмардеро аз хоки сияҳи Русия шунаванд. Аз рўи иттилоъи файли «МАЪЛУМОТ БАРОИ АБДУАЗИМ» дар ду-се рўзи ахир ба воситаи хатсайрҳо аз фурўдгоҳҳои Русия ба фурўдгоҳҳои Тоҷикистон ҷасади 12 тан ҷавони тоҷикистониро овардаанд. Ҷавонҳо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд. Соли таваллудашон аз соли 1963 то соли 1989 мебошад. Сабабҳои марг чунин навишта шудааст: ҳодисаи фавқуллода, беморӣ, худкушӣ, куштор, ҳодисаи нохуш ва номаълум. Яқинам, ин сабабҳо дигар дар ниҳоде бознигариву бозҷўӣ намешаванд.

Бо хондани маълумот дар тасаввурам ғиреву модареву нолаи завҷае, фиғони фарзанду аз пой афтидани падаре пеши назарам меояд. Оне, ки дар миёни ин рўйхат калонсолтар аст, Саймуродов Саид Абдуллоевич мебошад, истиқоматкунандаи деҳаи Эсанқулови ноҳияи Колхозобод 48 сол дорад. Сабаби маргаш ҳодисаи нохуш навишта шудааст. Як марди 48 солаеро, ки дар хона ўро бо чашми чор интизоранду саробони хона аст, ҳамагиро тарк гуфт.

Дигар кунун ба таври ҳамеша интизори ў мемонанд. Барои ҳар яки мо душвор нест, донистани он, ки як марди 48 – солае, ки мардикорӣ ба Русия меравад, чӣ орзуҳову чӣ нақшаҳоеро ба сар дорад. Фарзандашро бояд хонадор кунад, арўсии духтарашро бинад… Хонашро пур бинад…

Мирзоев Ҳикматшоҳ Маҳмадшоевич аз деҳаи Ёзғани ноҳияи Тавилдара 22 сол дорад. 25-уми май дар ҳодисаи нохуше дар Маскав ҷон додааст. 29-уми май ҷасадаш ба Тоҷикистон овардаанд. Нолаи модари Ҳикматшоҳи ҷавонмарг нолаи модари тоҷик аст. Нолаи ў дили ҳар модареро, ки фарзандаш дар мардикорӣ ба сар мебарад, такон медиҳад…

Нафратам ба мардикориву сабабгорҳои ба Русия рафтани ҷавонмардони тоҷикистонӣ боло мешавад. Намедонам, ки бори нахуст кӣ аз хушиаш барои мардикорӣ рў ба Русия оварда бошад? Ҳама барои ба даст овардани қути лоямуте…

Касе аз вақту соати омадани марг хабар надорад. Аммо воқеъияти ҳаёти мо чашмамонро ба сўи хабари марг чор кардааст, ки ҳар лаҳза моро интизор аст. Русия барои мо ҳам манбаи рўзгузаронисту ҳам ба маънои томаш таҳдид ба суботи оилаву рўзгори мо. Барои оилаи тоҷикистонӣ имрўз номи Русия ҳаммаъно ба рўсияҳ аст.

Ба ҳисоби миёна ҳар рўз тариқи тайёра 5-6 ҷасади ҷавонмардони тоҷикистонӣ ба Ватан меояд. Агар дар 365 рўз 4 нафарӣ ҳам ояд, дар як сол ҷасади 1 460 ҷавонмарди тоҷикистониро меоранд. Агар дар замони ҷанги дуюми ҷаҳон ба дасти модарону завҷаҳо як тика хати сиёҳ медоданд. Ҳоло ин хати сиёҳ ба сўзандору иваз шудааст. Ба модару завҷа қабл аз он, ки тобути писару шавҳарашонро ногаҳ ба хона медароранд, сўзандору мегузаронанд, ки аз ҳуш равад, то фаромўшхотир шавад.

Мардикорӣ ба Русия вабои ҷавонмардкуш шудааст. Вабое, ки танҳо ҷавонмардҳоро ба комаш фурў мебарад. Ҳама дардро давоест, мегўянд. Ин вабо низ даво дорад. Давояш рўзгори ба самон дар Ватани худ, давояш ба даст овардани қути лоямут дар зодгоҳи худ. Давояш зиндагии ба хоҳиши дил дар назди фарзандону модар… Аммо ин даво ҳоло табиб надорад. Табибе, ки тавонад ба садди роҳи сўзиши ҷигари модарон шавад. Табибе, ки тавонад аз бесаробон шудани фарзандакони маъсуми тоҷик пешгирӣ кунад.

Худо медонад, шояд ба ин табиб низ Русия таҳдид дорад…

Шоҳиён: «Ба ақидаи шумо розӣ шуда наметавонам!»
Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР

- Мӯҳтарам, Шермуҳаммади Шоҳиён бо интихоб шуданатон ба раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ интизориҳо аз Шумо зиёд буд. Натиҷаи аввалин интихоботи миёндаврӣ то куҷо Шуморо қонеъ кард? Ва бардошти Шумо чист?

- Бисёр миннатдорам, аз он нафароне, ки баъди ба вазифаи раиси КМИР интихоб гардидани ман бовариашон ба Комиссия ва шахсан ба ман бештар гардид. Интизории онҳо манро водор мекунад, ки масъулиятро ҳамчун раиси комиссия бештар эҳсос карда, тарзе кору фаъолият кунам, ки натиҷаи кори комиссия дар доираи қонунҳои амалкунанда бошад. Ва дар рафти фаъолияти комиссия камбудиву норасоиҳо ба чашм нарасад.

Шахсан ман, аз натиҷаи интихоботи миёндаврии баргузоршуда дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сино №4-и шаҳри Душанбе розӣ ҳастам. Чорабиниҳое, ки дар доираи тайёрӣ ва баргузории интихобот сурат гирифтанд, ба пуррагӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии кишвар ва стандартҳои байналмилалӣ буданд.

- Он гурӯҳи фаъоле аз ҷомеа, ки аз Шумо интизориҳо доштанд, баъди анҷоми аввалин интихоботи миёндаврӣ интизориҳои худро бароварда намебинанд. Интихоботи баргузоршударо пур аз тақаллуб медонанд. Дар ин баробар, Шумо бо раис шуданатон аз баргузории интихоботи шаффоф ваъда кардед. Бо чӣ далел ваъда аз баргузории интихоботи шаффоф карда будед?

- Ба ин ақидаи шумо розӣ шуда наметавонам. Ва як чанд ақидае, ки дар ВАО ва интернет паҳн гардид, ин ақидаи 70 ҳазор интихобкунандаи ноҳияи Синоро ифода намекунад. Ин фикру ақидаи ҳамон нафаре ҳаст, ки чунин навиштааст. Иштирокчии асосии интихобот интихобкунанда мебошад. Дигарон нозир ҳастанд. Масъули баргузории интихобот комиссияҳои интихоботӣ аст. Ин равандро Конститутсия (Сарқонун), қонунҳо ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ба танзим медарорад.

Фикру ақидаи якчанд нафар, ки интихобот ғайришаффоф гузашт, нодуруст аст. Беасос ва бедалел мебошад. Касе, ки розӣ нест, қонун тартиби пешниҳоди баҳс, овардани шикоят, тартиби баррасӣ, нуқта гузоштани ҳамин масъаларо пешбинӣ кардааст.

Вақте манро ба ҳайси раиси КМИР интихоб карданд, дар хотир дорам, ки бо намояндагони ВАО сӯҳбат доштам. Ман вазифадор ҳастам, раиси КМИР ин мансаби оддӣ нест. Мо бояд аввал моҳияти интихобот ва раъйпурсиро сарфаҳм равем, ки инҳо чӣ ҳастанд.

Аз рӯзе, ки мо интихоботро таъин кардем, яъне аз 15-уми март то 15-уми май, рӯзи баргузории интихобот ягон арзу шикояти расмӣ оид ба вайрон кардани ҷиддии талаботи қонунгузории амалкунанда ба КМИР ворид нашуд. Танҳо як ҳолати вайрон кардани қонун мушоҳида шуд.

Ҳангоми вохӯрии яке аз номзадҳо бо мардум як аъзои комиссияи қитъавӣ (участкавӣ) баромад карда ҷонибдории худро аз ин номзад иброз доштааст, ки бар хилофи қонунгузорӣ аст. Ин камбудӣ дарҳол аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот мавриди баррасӣ қарор гирифт ва комиссияи ҳавзавии интихобот ин нафарро аз ҳайати комиссия хориҷ кард.

Рӯзи интихобот баъзе хабарҳо дар бораи қонунвайронӣ ба КМИР расид. 15-уми май тамоми аъзои комиссия ва кормандони КМИР тамоми ахбор, ки оид ба баргузории интихобот пайдо мешуданд, фавран мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода мешуд. Мақсади мо як чиз буд, ки интихобот танҳо дар доираи талаботи қонун баргузор гардад.

15-уми май ба воситаи интернет шаш-ҳафт ҳолати вайрон кардани қонун паҳн гардид, ки дарҳол таъҷилан аз ҷониби КМИР ва кормандонаш ҳар як ҳолат дар ҷояш санҷида шуд.

Аз рӯзи баргузории интихобот то 23-юми май ягон арзу шикояти хатӣ на аз ҷониби ҳизбҳои сиёсие, ки номзад пешниҳод карданд, на аз тарафи номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон ба КМИР, ба комиссияи ҳавзавии интихобот, ба комиссияҳои қитъавии интихобот ба мақомти судӣ ягон арзу шикоят дохил нашуда буд. Дар ВАО матлабҳое нашр гардид. 23-юми майи соли 2011 номзад ба вакили МН, Толибшоҳи Саидзода аризаи хатӣ ба унвонии КМИР пешниҳод кард. Дар аризааш доир ба вайрон кардани талаботи қонун ҳангоми баргузории интихобот сухан меравад. Дар замима якчанд гузоришҳои нозиронаш дар қитъаҳои муайяни интихоботӣ, ки ба унвонии ситоди пешазинтихоботии Саидзода пешниҳод шудааст, пешниҳод намудааст. Расмҳое, ки ба воситаи интернет дидед, замима кардаанд (Шояд акси бюлетенҳое бошад, дар ҳоҷатхонаҳо партофтаанд А.А.). Ва як навори видео, ки дар интернет ҳам ҳаст. Тибқи ин навор гӯё як зан ошкоро ба ҷои якчанд нафар овоз дода истода, аз касе пинҳон намекунад. Пас аз гирифтани аризаи хатии Толибшоҳи Саидзода мо таҳти роҳбарии муовини раиси КМИР, Кароматулло Холиқов комиссия ташкил кардем, ки ҳар як ҳолати вайронкунии қонунро, ки гӯё 15-уми май сурат гирифтааст ва дар аризаву маводҳои замимакардаи номзад дарҷ ёфтаанд, ба пуррагӣ ҳаматарафа месанҷем.

- Агар ин комиссия исбот кунад, ки камбудиҳои пешниҳоднамудаи номзад ҷой дорад, натиҷаи интихоботро бекор карда метавонад?

- Қонун муайян кардааст, ки дар кадом ҳолат натиҷаи интихоботро беэътибор эълон кардан мумкин аст. Тартиби умумӣ аст, аз 50% зиёд интихобкунандаҳо ширкат варзиданд, интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад. Номзаде, ки аз 50% зиёд овози интихобкунандаҳои дар рӯйхат воридшударо мегирад, вакили Маҷлиси намояндагон интихобшуда ҳисоб мегардад.

Вақте арзу шикоятҳо мешавад, дар натиҷаи санҷиш комиссия баҳо медиҳад, ки ҳамин ҳолати вайрон кардани қонун то кадом дараҷа ба натиҷаи интихоботи баргузоршуда таъсир мерасонад. Ҳатто қонун пешбинӣ кардааст, ки дар як-ду қитъаи интихоботӣ, ки талаботи қонун вайрон шуда бошаду лекин ба натиҷаи умумии интихобот таъсир нарасонад, интихоботро ҳеч кас бекор ҳисобида наметавонад.

- Наворе, ки Шумо аз он сухан кардед, агар хато накунам, аз қитъаи интихоботии 13 буд. Бо рушди технология албатта ин наворҳо бештар мешавад. Ҷои нигаронӣ ҳам шояд шавад. Нисбат ба ҳамон навор, ки як далели рӯшод аст, чӣ назар доред?

- Далели рӯшод аст, аммо мо месанҷем. Вазифаи комиссия аз он иборат аст, ки талаботи қонунро татбиқ кунад. Ҳақиқат, воқеиятро муайян намояд. Хӯрдтарин камбудие, ки ба маълумоти комиссия мерасад, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Он расме, ки пешниҳод кардаанд, ҷои пинҳониаш нест, инро ба пуррагӣ месанҷем.

Оянда рушду тарақиёти технология ҷои пӯшидагӣ надорад. Аз он бояд нигарон нашавем. Мо бояд аз қонун тарсем, бояд аз иродаи мардум тарсем, мо бояд аз фикри мардум тарсем, ки дидаву дониста ғайриқонунӣ иродаи онҳоро дигар тарз ифода мекунем. Ё дидаву дониста талаботи қонунро вайрон мекунем.

Ҳар далеле, ки вайронкунии қонунро исбот мекунад, КМИР, мақомоти судӣ, комиссияҳои поёнии интихоботӣ вазифадор ҳастанд, ки тибқи талаботи қонун баҳо диҳанд.

- Қабл аз интихобот коршиносон дар ВАО мегуфтанд, ки натиҷаи интихобот дар долонҳои ҳукумат муайян мешавад…

- Мутаассифона, ҳафтаи гузашта дар рӯзномае хондам, ки гӯё тақдири интихобот дар Дастгоҳи иҷроияи президент ҳал мешуда бошад. Ба ин фикр мутлақо розӣ буда наметавонам. Тоҷикистон, Тоҷикистони солҳои 1992-93 нест. Фаҳмиши ҳуқуқиву сиёсии мардум хеле баланд шудааст. Ба хубӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои худро дарк ва ҳимоя ҳам мекунанд. Вақте интихоботро эълон кардем, ҳашт ҳизби сиёсӣ ва ҳар шаҳрванд ҳуқуқи пешниҳоди номзадро доштанд. 5 нафар пешниҳод гардид, як нафар номзадиашро бозпас гирифт, 4 нафар ширкат варзиданд. Аз ҳама хубаш, дар интихоботе, ки 15-уми май баргузор гардид, дастоварди мо аз он иборат буд, ки 4 номзад ширкат кард.

Интихоботи 15-уми май интихоботи озод буд. Аз миёни 4 номзад касеро, ки мардум мехост, ҳамонро интихоб карданд. Тақдири ин интихобот на дар Дастгоҳи иҷроияи президент, на дар КМИР, на дар ягон идораи дигар ҳалу фасл шудагӣ нест. Тақдири интихоботро интихобкунанда 15-уми май дар кабинаҳои овоздиҳӣ, ки ҳеч кас таъсир расонда наметавонад, муайян кардааст.

- Номзади ҲНИТ бо далели он, ки дар ҳайати комиссияҳои қитъавӣ намояндаашон нест, аз ширкат дар интихобот даст кашид. Дар назар ҳаст, ки дар интихоботи минбаъда дар ҳайати комиссияҳои қитъавӣ намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳову иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аъзо шаванд? Чун қонун дар ҳайати комиссия қитъавӣ аъзо будани аҳзоби сиёсиро на рад кардасту на иҷозат медиҳад.

- Масъалаи дар ҳайати комиссияҳои қитъавӣ аъзо кардани намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ солҳои дароз мавриди баҳсу мунозира қарор дорад. То як дараҷа пофишории ҳизбҳои сиёсиро хуб ҳам намефаҳмам. Дар КМИР ҳафт ҳизби сиёсӣ намоянда дорад. Комиссияҳои ҳавзавиро бо таклифи аҳзоби сиёсӣ таъсис медиҳем.

Рӯзи 15-уми март мо интихоботро таъин кардем, аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар ноҳияи Сино фаъолияткунанда хоҳиш кардем, ки намояндаҳои худро ба ҳайати комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод кунанд. 5 ҳизби сиёсӣ намоянда пешниҳод кард. Бо назардошти таклифи ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби КМИР комиссияи ҳавзавӣ таъсис ёфт. Мутаассифона, аз 5 ҳизби сиёсӣ намояндаи 2 ҳизби сиёсӣ аз аввал то ба охир дар кори ҳавзаи интихоботӣ ширкат накард. ҲНИТ бо он далел, ки дар комиссияҳои қитъавӣ намояндаҳои онҳо нест, номзадии намояндаи худро дар комиссияи ҳавзавӣ бозпас гирифтанд. Ба ҷои он кас, нафари ғайриҳизбӣ ворид кардем.

Бисёр хуб, ки мо комиссияи ҳавзавиро аз 11 нафар таъсис додем. Вақте ҳайати комиссияҳоро аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ таъсис медиҳему чунин корҳо сурат мегиранд, яъне дар кори комиссия ширкат намекунад, як таклифаш нагузашт, номзадашро бозпас мегирад, ин маънои онро дорад, ки мо интихоботро баргузор карда наметавонем.

Интихоботро, ки баргузор карда натавонистем, мӯҳлати ваколати мақомоти дахлдори давлатӣ ба охир мерасад. Мақомоти олии давлатиро таъсис дода натавонистем дар давлат беҳокимиятӣ пайдо мешавад.

Ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад. Вале фикри ягона доир ба ин масъала нест. Ҳизбҳои сиёсӣ бояд зиёдтар бо мардум кор кунанд. Барномаҳои хубе дошта бошанд, ки ба дарди мардум расад. Оянда барои обод кардани давлат чӣ мехоҳанд онҳо? Чӣ ният доранд? Чӣ мақсад доранд? Тарафдорҳояшонро зиёдтар кунанд. Вақте интихобот баргузор шавад, намояндаҳояшон дар мақомоти дахлдор бештар интихобот шаванд.

- Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, яъне бо ин ҳизбҳои сиёсӣ интихобот баргузор карда намешавад?

- Ин гапро гуфтанӣ нестам. Ин фикрро ман нагуфтам. Ҳашт ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад, маънои онро дорад, ки гуногунандешии сиёсӣ, бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурии мо хеле пеш рафтааст. Равандҳои демократие, ки имрӯз дар кишвари мо сурат мегирад, дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя хеле хуб аст. Дар баъзе парламентҳои дунё танҳо як ҳизби сиёсӣ вакил дорад, дигар ҳизби сиёсиро намебинед. Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон 5 ҳизби сиёсӣ дар парламент намоянда дорад.

- Ҷониби номзад Толибшоҳи Саидзода ва нозиронаш мегӯянд, наздики 20 %-и интихобкунандагон дар интихобот ширкат доштанд. Ҳатто бо ин далел Саидзода интихоботро баргузорнашуда эълон кард…

- Раванди баргузории интихоботро намешавад, аз чашми мардум пинҳон кард. Ба ҷуз нозирони ин номзад рафти интихоботро боз нозирони се нафар номзад назорат кардаанд. Нозирони байналмилалӣ назорат кардаанд. Он ҷо аъзоҳои комиссияи қитъавии интихобот ҳастанд. Ягонтаи мо ҳақ надорем, ки доир ба фаъолияти қонуниву рафтори дурусти аъзоёни комиссияҳои қитъавӣ шубҳа дошта бошем. Бе далел гуфта наметавонем, ки онҳо қонунро вайрон кардаанд.

Он маводҳое, ки аз ҷониби Саидзода бо арзиа замима намуда пешниҳод гардид, асосан, атрофи се камбудӣ мебошад. Яъне як нафар ба ҷои чанд нафар овоз додааст, гӯё ба нозирони онҳо гуфта бошанд, ки ҳуқуқи дурру дароз дар қитъаи интихоботӣ ҳузур доштанро надоред ва аз қитъа берун кардаанд. Севум иштироки раъйдиҳандагон дар 15-уми май, на ба он миқдоре мебошад, ки комиссияҳо ҳисоб кардааанд. Гӯё нозирони онҳо ҳисоб бурдаанд ва ба ақидаи онҳо дар базъе қитъаҳои интихоботӣ, интихобот баргузор нашудааст.

Бори дигар такрор мекунам, ки ҳар масъалае, ки онҳо гузоштанд ва ҳар камбудие, ки аз нигоҳи онҳо дар интихобот сурат гирифтааст, мавриди санҷиш, таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи аъзоёни комиссия қарор мегирад.

-Дар атрофии қонуни амалкунанда оид ба интихобот сару садоҳо хеле зиёд буд. Аз назари шумо ин қонун чи паҳлӯҳои мусбат ва манфӣ дорад? Шумо низ дар аввалин сӯҳбататон ба ҳайси раиси КМИР гуфта будед, ки шояд ин қонунро таҷдиди назар кунем.

- Қонуни амалкунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» умуман ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ягон меъёру муқаррароти бар хилофи санадҳои байналмилалӣ дар қонуни мо дида намешавад. Лекин ҳизбҳои сиёсии мо таклиф доранд, ки ба як қисм моддаҳои қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Аз ҷумла ин ба таъсиси комиссияҳои қитъавӣ ва баъзе ҳолатҳои ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дахл доштаро дар бар мегирад.

Соли 2009 расман аз ҷониби собиқ вакилони Маҷлиси намояндагон, тағйиру иловаҳо бо назардошти ҳизбҳои сиёсӣ ба Маҷлиси намояндагон, таҳия ва пешниҳод гардид. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, пешниҳодро баррасӣ карда, ба хулоса омаданд, ки ин таклифҳои пешниҳодшуда қобили қабул нест ва лоиҳаи қонунро ба вакилон баргардонданд.

Вале ҷомеъа дар рушд аст, зиндагӣ пеш меравад. Ман ҳам гуфта наметавонам, ки қонуни мо беҳтарин аст ва он набояд дигар тағйир ёбад. Зарурияти такмил додани қонун пайдо шавад, инро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад.

- Бештар дар ҳайати комиссияҳои қитъавӣ аъзо гардидани омӯзгорон боиси танқид мегардад. Ва гӯё дар интихобот тақаллуб бо дасти онҳо сурат мегирад. Ҳатто гуфтанд, ки ширкати омӯзгорон дар интихобот ва тақаллуб латма ба обрӯи онҳост. Оё чунин таҷриба таҷдиди назар мешавад, то тамоми қишрҳои ҷомеъа дар комиссия шомил бошанд?

- Ба ин фикр розӣ шуда наметавонам. Омӯзгор бисёр шахси маъруф аст. Мо ояндаи фарзандамонро бовар карда ба мактаб месупорем ва онҳоро ба омӯзгор бовар мекунем. Аммо вақте, ки интихобот баргузор мегардад, мо шубҳа мекунем, ки муаллим мутобиқи қонун рафтор намекунад. Ва баъдан, комиссияҳои қитъавии интихоботӣ танҳо аз ҳисоби муаллимон таъсис нагардидааст. Аз ҳамаи сохторҳо ва дигар қишрҳои ҷомеъа низ дар комиссия аъзо буданд…

Ягон муаллим дар хамин интихоботи миёндавраии баргузргашта даъвои вакил шуданро надошт. Фикр мекунам, ки ин эродҳо то як дараҷа беасос ҳастанд.

- Агар ин эродҳо набошанд, чунин масъалагузориҳо аз куҷо пайдо мешаванд?

- Эродҳо буданд, аммо онҳо заминаи воқеъӣ надоранд. Барои чи, мо нисбати муаллим шубҳа мекунем нисбат ба муаллим ҳаминро фаҳмида наметавонам???