«Барои иттиҳоми хабарнигор далели бебаҳс надоранд!»


Бознашр аз ИмрӯзNEWS

Файзинисо Воҳидова

Мусоҳиба бо Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбой Усмонов, ки бо иттиҳоми аъзои Ҳизби таҳрир будан, аз ҷониби мақомот дар вилояти Суғд боздошт гардидааст.

ИмрӯзNEWS: – Дар тафтишоти парвадаи ҷиноятии хабарнигори Би-Би-Сӣ чӣ пешравиҳо ба назар мерасад? Читать далее…

Манъи ибодати то 18-солаҳо дар масҷид аз ҷониби вакилон


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

вазири маориф бо вакилони ХНИТ

Парламенти Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расонд. Лоиҳаи ин қонун, ки дар миёни мардум таи чанд моҳ муҳокима гардид, дар парламент низ наздики ду моҳ баррасӣ карданд. Рӯзи гузашта ҳангоми баррасии Лоиҳаи Қонуни мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баҳси вакилон бештар дар мавриди моддаи 8 зербанди 14, ки ба масҷид рафтани ноболиғонро маҳдуд мекунад, сурат гирифт. Билохира, ин Қонун чунон қабул шуд, ки ба масҷид рафтан, ё ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ машғул гардидани нобилоғони то ба сини 18-ро мамнӯъ кард. Дар ин баробар наврасон ва ҷавонон то ба сини 20 ҳақи онро надоранд, ки ба нуктаҳои дилхушӣ бираванд.  Читать далее…

Табиби «Вабои ҷавонмардкуш» дар Тоҷикистон кист?!


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

тобути Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири 20-солаи тоҷик (январи 2009)

Бо талаби касб дар бораи даҳҳо, ҳатто садҳо иттилоъ бо ҳамкорону ҳамкасбонам мубодилаи афкор мекунам. Ба коршиносону ниҳодҳои давлатӣ ва дигарон дар тамос мешавам. Имрўз ҳам чунин буд. Вале дар бегоҳии рўз сармуҳаррир файлеро дар папкаи кориам гузошт, бо номи «МАЪЛУМОТ БАРОИ АБДУАЗИМ». Маълумоти пешниҳодшударо хондам. Бо касе ҳоҷат ба мубодилаи афкор набуд, бароям ба коршиносеву ниҳоде занг задан зарурат надорад… Читать далее…

Шоҳиён: «Ба ақидаи шумо розӣ шуда наметавонам!»


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР

- Мӯҳтарам, Шермуҳаммади Шоҳиён бо интихоб шуданатон ба раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ интизориҳо аз Шумо зиёд буд. Натиҷаи аввалин интихоботи миёндаврӣ то куҷо Шуморо қонеъ кард? Ва бардошти Шумо чист? Читать далее…

Ҷашни бесоҳиб, ё ҷавонҳои камбахт


 Рӯзҳои ҳафтаи сеюми майро ба ҷавонон бахшидаанд. Ҳафтае, ки дар пеш аст, насли ман ҷашн дорад. Ҷашне, ки соҳибҷашнҳояш камбахтҳоянд. Камбахтҳое, ки дар ростои фақру мушкилоти бешумори ҷомеа барои расидан ба рӯзи беҳии оянда толошу ҷидол доранд. Читать далее…

Генерал Назаров: Дар амният аз рӯи тахмин кор намекунанд!


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Абдулло Назаров

Имрӯзҳо бештари хабаргузориҳои ҷаҳонӣ аз исми генерали амниятии тоҷик Абдулло Саъдуллоевич Назаровро зикр мекунанд. Генерал Абдулло Назаров якуним сол пеш ҳангоми муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буданаш, дар вохӯрӣ бо намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз вуҷуд доштани Усома бен Лодан дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон сухан мекунад. Читать далее…

Кадом «чиновник» якум шуда, дар сар кӯлоҳ ба сохтмони Роғун меравад?


Презиеднт Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои паёмаш ба парламент таъкидҳое дошт, ки дар ҳолати иҷрои он метавон интизориҳоеро умедвор буд. Президент вақте чашм аз рӯи варақ дур мекард, суханҳое мегуфт, ки дар он самимият буд. Ӯ супориш дод, ки дар миёни аъзои ҳукумат атестатсия гузаронда шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ: «Занг зада, баъзеаш як умр дар як вазорат нишастааст…» Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.