Пайванди Гулмуродзода: Дар осорхонаҳои Тоҷикистон нусхае аз «Бухорои шариф» нест


Бознашр аз ИмрӯзNews

ustod PaivandМусоҳиба бо Пайванди Гулмуродзода, устоди факултаи журналистикаи ДМТ ва муҳақиқи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» ба муносибати 100 солагии ҷашни матбуоти тоҷик.

ИмрӯзNews: — Рӯзномаи «Бухорои шариф» чӣ хусусияте дошт, ки дигар рӯзномаҳои вақт, ки дар минтақа бо дигар забонҳо ба нашр мерасиданд ва ё рӯзномаҳои минбаъдаи тоҷикӣ аз он орӣ буданд? Тег «Далее»

Мансабдоролим


Бознашр аз ИмрӯзNews

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон номзади илмҳои сиёсатшиносӣ шуд. Ӯ зери раҳбарии префессор Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯъи «Мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари таъмини амнияти минтақа» (Проблемы и перспективы взаимоотношений ОБСЕ и Республики Таджикистан в контексте обеспечения региональной безопасности — русӣ) рисолаи номзадиашро дар назди Шӯрои дисертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Қаблан низ дар зери таҳрир ва ё муаллифии Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи фаъолияти САҲА китобҳое низ ба нашр расида буд. Яъне ин мавзӯъ барои Ҳамрохон Зарифӣ ошност. Тег «Далее»

Инсоф


Саҳар ба бозор рафтам. Барои иваз намудани ҷумаки об як ҷумаки нав харидам. Барои иваз кардан ва таъмири он дар пайи усто афтодам. Фурӯшандае шумораи телефони чанд усторо ба ман дод. Ба се шумора занг задам, мегуфтанд, ҳоло фурсат надоранд, баъди нисфирӯзӣ бекор мешаванд. Билохира, устои чаҳорум бекор будааст. Вақте ба хона омад, ҷумакро ба даст гирифт, ман аҳаммият надодаам, дар паҳлуи он қимматаш навишта шуда будааст, 65 сомонӣ. Оҳ, беинсофе нидо баровард, марди усто, ки синнаш аз 50 боло буд. Инро аз куҷо харидӣ? – гуфта суолам кард. Ҷои харидаамро гуфтам. Иброз дошт, ки инсоф намондааст, наход ҳаминро бо чунин қиммат бифурӯшанд, ин хуб бошад, 30 сомонӣ қиммат дорад, беинсоф 5 – сомонӣ ба болоаш мон, наход як баробар гаронтар фурӯшӣ. Тег «Далее»

Исфандиёр: аз ҳақиқат чи гуна пӯшам чашм?


Номаи шоир Исфандиёри Назар ба вазире:

Монда ғамгину зору танҳо ман,
Чи кунам бо ғамони дунё ман?
Шаш ҷиҳат душманиву бадхоҳӣ,
Аз кадомаш бигӯям инҷо ман?
Эй вазир, эй вазири ин кишвар,
На ту фарриву не Аҳуро ман. Тег «Далее»

Рисолате, ки президент бояд анҷом диҳад…


Билохира, ҷомеаи Тоҷикистон ба ин суол ҷавоб дарёфт, ки таҳаввулотро дар кишвар, кӣ ва чи гуна амалӣ кунад…

Дар бораи баргузор шудани як таҳавуллоти ҷиддӣ дар Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ боз баҳсҳо идома дорад. Тахмину фарзияҳо ва сару садоҳои зиёд дар расонаҳои дохилу хориҷи кишвар дар ин бора на як бору ду бор сурат гирифтааст. Вале ҳеч бор ин тахмину фарзияҳо аз доираи худ берун нарафтаанд. Баҳори гарми соли гузаштаи Шарқи Наздик ва омилҳои кӯчиши ин ҳаводис дар минтақаи Осиёи Миёна баҳсҳоро аз сари нав афзоиш дод. Гуфта мешуд, дар пайи “ҳарорат”-и ин инқилобҳои хунин, ахиран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ, таҳаввулоти ҷиддӣ анҷом мепазирад.  Тег «Далее»

Нафратие, ки «дӯсташ медорам!»


Дар Русия боре набудам. Ба истиснои чанд соате. Аз ин давлату миллат шахсан ба ман ноҳинҷорие пеш наомадааст. Вале рӯз ба рӯз нафратам нисбат ба ин давлат боло мегирад. Дар ҳар куҷое дар Тоҷикистон парчами ин давлатро бинам, нафратам қавитар мешавад. Вақте дар ҷашни 20-солагии Истиқлол парчами Русия дар дасти низомиёнаш дар паради ҳарбӣ мегузаштанд, эҳсоси нохуше тамоми вуҷудамро фаро гирифт. Аз телевизион чашм пӯшидам. Тег «Далее»

ҲНИТ- е, ки дар панҷ сол Кабирӣ сохт


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Аз реҳлати марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, поягузор ва собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон панҷ сол сипарӣ мешавад. 8-уми августи соли 2006 ӯ аз дунё даргузашт ва як рӯз баъдаш ҲНИ раҳбари худро ба роҳи охират гусел кард.

Бо фавти Нурӣ, ки дар замони истиқлолият ба як шахсияти калидӣ табдил ёфт, бархе таҳлилгарон мегуфтанд акнун ҲНИ мушкилиҳоеро рӯ ба рӯ мешавад ва эҳтимоли аз байн рафтани он, ё ҳадди ақалл ба чанд пора тақсим шудани ҳизб ҳадс зада мешуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба раёсати ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, як нафаре, ки симои ҷадиди ин ҳизб ном бурда мешуд ва хеле ҷавон хам буд, расид. Тег «Далее»

Рубрики:Дин, Сиёсат, ҲНИТ, ҳизб

Мактаби муосири миллӣ


 Оё мо метавонем намунаи тоҷикии мактабҳои пешрафтаро ба вуҷуд орем?

Бознашр аз ҳафтаномаи «Нигоҳ»

Ба нақли устод Айнӣ, вақте маорифпарвари тоҷик Абдулвоҳиди Мунзим дар Бухоро аввалин мактаби замонавииро таъсис намуд, уламо ва ашрофи Бухоро бо таассуф ва ҳайрат ба иқдоми ӯ нигариста, мегуфтанд: «Абдулвоҳид як шахси фозил буд, чаро ба мактабу мактабдорӣ машѓул шудааст?» Тег «Далее»

«Барои иттиҳоми хабарнигор далели бебаҳс надоранд!»


Бознашр аз ИмрӯзNEWS

Файзинисо Воҳидова

Мусоҳиба бо Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбой Усмонов, ки бо иттиҳоми аъзои Ҳизби таҳрир будан, аз ҷониби мақомот дар вилояти Суғд боздошт гардидааст.

ИмрӯзNEWS: — Дар тафтишоти парвадаи ҷиноятии хабарнигори Би-Би-Сӣ чӣ пешравиҳо ба назар мерасад? Тег «Далее»

Манъи ибодати то 18-солаҳо дар масҷид аз ҷониби вакилон


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

вазири маориф бо вакилони ХНИТ

Парламенти Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расонд. Лоиҳаи ин қонун, ки дар миёни мардум таи чанд моҳ муҳокима гардид, дар парламент низ наздики ду моҳ баррасӣ карданд. Рӯзи гузашта ҳангоми баррасии Лоиҳаи Қонуни мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баҳси вакилон бештар дар мавриди моддаи 8 зербанди 14, ки ба масҷид рафтани ноболиғонро маҳдуд мекунад, сурат гирифт. Билохира, ин Қонун чунон қабул шуд, ки ба масҷид рафтан, ё ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ машғул гардидани нобилоғони то ба сини 18-ро мамнӯъ кард. Дар ин баробар наврасон ва ҷавонон то ба сини 20 ҳақи онро надоранд, ки ба нуктаҳои дилхушӣ бираванд.  Тег «Далее»

Табиби «Вабои ҷавонмардкуш» дар Тоҷикистон кист?!


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

тобути Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири 20-солаи тоҷик (январи 2009)

Бо талаби касб дар бораи даҳҳо, ҳатто садҳо иттилоъ бо ҳамкорону ҳамкасбонам мубодилаи афкор мекунам. Ба коршиносону ниҳодҳои давлатӣ ва дигарон дар тамос мешавам. Имрўз ҳам чунин буд. Вале дар бегоҳии рўз сармуҳаррир файлеро дар папкаи кориам гузошт, бо номи «МАЪЛУМОТ БАРОИ АБДУАЗИМ». Маълумоти пешниҳодшударо хондам. Бо касе ҳоҷат ба мубодилаи афкор набуд, бароям ба коршиносеву ниҳоде занг задан зарурат надорад… Тег «Далее»

Шоҳиён: «Ба ақидаи шумо розӣ шуда наметавонам!»


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР

— Мӯҳтарам, Шермуҳаммади Шоҳиён бо интихоб шуданатон ба раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ интизориҳо аз Шумо зиёд буд. Натиҷаи аввалин интихоботи миёндаврӣ то куҷо Шуморо қонеъ кард? Ва бардошти Шумо чист? Тег «Далее»

Ҷашни бесоҳиб, ё ҷавонҳои камбахт


 Рӯзҳои ҳафтаи сеюми майро ба ҷавонон бахшидаанд. Ҳафтае, ки дар пеш аст, насли ман ҷашн дорад. Ҷашне, ки соҳибҷашнҳояш камбахтҳоянд. Камбахтҳое, ки дар ростои фақру мушкилоти бешумори ҷомеа барои расидан ба рӯзи беҳии оянда толошу ҷидол доранд. Тег «Далее»

Генерал Назаров: Дар амният аз рӯи тахмин кор намекунанд!


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Абдулло Назаров

Имрӯзҳо бештари хабаргузориҳои ҷаҳонӣ аз исми генерали амниятии тоҷик Абдулло Саъдуллоевич Назаровро зикр мекунанд. Генерал Абдулло Назаров якуним сол пеш ҳангоми муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буданаш, дар вохӯрӣ бо намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз вуҷуд доштани Усома бен Лодан дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон сухан мекунад. Тег «Далее»

Кадом «чиновник» якум шуда, дар сар кӯлоҳ ба сохтмони Роғун меравад?


Презиеднт Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои паёмаш ба парламент таъкидҳое дошт, ки дар ҳолати иҷрои он метавон интизориҳоеро умедвор буд. Президент вақте чашм аз рӯи варақ дур мекард, суханҳое мегуфт, ки дар он самимият буд. Ӯ супориш дод, ки дар миёни аъзои ҳукумат атестатсия гузаронда шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ: «Занг зада, баъзеаш як умр дар як вазорат нишастааст…» Тег «Далее»

«Ҳамеша бо мардум, дар миёни мардум будам ва бо мардум мемонам»


Толибшоҳ Саидзода

Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Мусоҳиба бо номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи якмандаи ноҳияи Сино, Толибшоҳ Саидзода

— Беш аз як ҳафта мешавад, ки маъракаи тарғиботӣ ва мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандаҳо оғоз шуд. Аз рӯҳияи мардум дар ин вохӯриҳо гуфта метавонед, ки онҳо ба чун шумое дар парламент ниёз доранд? Тег «Далее»

Аз ҳоли Рақибов шарматон намеояд, вакил ва раиси Файзобод?


Рақибов бо аҳли оилааш дар бинои Омбудсмен

Агар ҳоли зори оилаи Рақибови файзободиро кампиракҳои деҳаи мо мешуниданд, бо надомат мегуфтанд: «бечора, синаи модарашро сахт газида будааст».

Аз он рӯзе, ки номи Атовулло Рақибов аз деҳаи Заркамари ҷамоати Мискинободи Файзобод расонаӣ шуд, ҳеч дар бораи ӯ хабари умедворкунандае нашунидем. Ба президент, ба парламент, ба прократура… ба тамоми ниҳодҳои зирабт ӯ навишт. Тег «Далее»

«Баҳори сард»- и Абдулло Ёров ва Гул Шералӣ


хандаи талхи Абдулло Ёров

Абдулло Ёров, директори ширкати «Барқи тоҷик» аз «имтиҳони зимистона» бо сарбаландӣ гузашт. Дар чанд соли ахир зимистон барои раҳбарони ин ширкат ба мисли санҷиш буд. Баъд аз зимистон бо як сарзаниши тамошобоб раҳбарон аз курсии ин ширкат дур мешуданд. Аммо дар зимистони гузарондаи Ёров шаҳрҳои калони Тоҷикистон бемаҳдудият бо нерӯи барқ таъмин буданд. Ба аҳолӣ дар моҳи декабр Ёров то 12 соат нерӯи барқ медод. Чунин неъматро дар замони Шарифхон Самиев ва Санъат Раҳимов, раҳбарони пешин дар ин ширкат дар хоб ҳам намедидед. Абдулло Ёров, ҳар чӣ ҳам набошад, вазир буд! Бо бахти ӯ зимистон он қадар сард ҳам наомад, ки дар давраи Самиев омада буд. Сабаби бебарқиро дар зимистон раҳбарони пешин ях бастани об мегуфтанд, табиат гунаҳкор. Дар зимистони гузашта ин суханҳоро Ёров тамоман ба забон наовард. Тег «Далее»

1-уми апрел рӯзи вазирони тоҷик!?


Имрӯз, бархеҳо ид доранд. 1-уми апрел дар миёни мардумҳои гуногуни ҷаҳон чун рӯзи ханда, рӯзи ҳазл, ё рӯзи ахмақҳо ном бурда мешавад. Дар Тоҷикистон бошад, 1-уми апрелро мардум бештар чун рӯзи дурӯғгӯӣ, дурӯғгуҳо, ё рӯзи ҳазл медонанд. Пас, онҳое, ки дар ҳақиқат худро муаллифони дурӯғҳои намакин ва ҳазлҳои зебо медонанд, имрӯз воқеан ид доранд!
Агар дафтари хотираамонро варақ занем, мову шумо ҳам дурӯғе гуфтаему ҳазлҳое доштем. Агар сархати хабарҳои расонаҳоро дар чанд вақти ахир назар кунем, чиновникҳо низ суханҳое гуфтаанд, ки имрӯз ба он нигоҳ кунем, бегумон мегӯем, як «ҳазл» кардаанд-да!  Тег «Далее»

Аз мо то ба туркгароӣ чанд қадам!?


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар чандин кишварҳои ҷаҳонӣ дар шинохти Фатҳулло Гюлен дар таи солҳои ахир баҳсҳои доманадоре давом дорад. Фатҳулло Гюлен аз чеҳраҳои шинохтаи Туркия мебошад, ки бо назария ва амалҳояш ҳамеша сару садоҳое бо худ дошт.

Соли равон ӯ 70 сола мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки 70 солагии ин пешвои гурезаи турк дар Душанбе баргузор гардад. Ҳатто мегӯянд, талошҳое аз ҷониби нафарони алоҳида вуҷуд дорад, ки мехоҳанд, вохӯрии Гюленро бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон доир намоянд. Гюлен соли 1998 Туркияро ба хотири табобат тарк намуда, дар ИМА ба сар мебарад. Дар Туркия бошад, ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки хостори барҳам задани давлати дунявӣ мебошад.

Ин қадар таваҷҷӯҳи хос ба шахсияти ӯ дар ҷаҳон ва аз ҷумла Тоҷикистон аз куҷост? Барои ин зарур аст, ки муруре намоем ба зиндагиву фаъолияти ӯ.  Тег «Далее»

«Инқилоб як калима нест, инқилоб ҳамаро зеру рӯ мекунад»


Парӣ Собирӣ

Дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид. Дар Театри а кадемии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе «Рустам ва Исфандиёр»-и коргардони эронӣ Парӣ Собирӣ пешниҳод шуд. Ин намоишнома аз камтарин саҳнаҳое буд, ки тавонист тамошобини тоҷикро ба ваҷд оварад. Дар намоиши «Рустам ва Исфандиёр» кам набуд саҳнаҳое, ки тамошобини тоҷик офаридани онро дар Ҷумҳурии Исломӣ, дар заминаи он иттилоъе,ки аз муносибат ба зан-ҳунарманд дар ин кишвар доштанд,мояи таааҷҷӯб донист. Аз Парӣ Собирӣ ба чанд суоли худ посух гирифтем. Тег «Далее»

Рӯзгори як «фариштаи субҳ»


Ҳар субҳ, бо садо додани азони бомдод Бибимо Розиқова ду ракъат намози фарзашро дар зери дарахтони хиёбони Неъмат Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои Театри ҷавонон адо мекунад. Ду ракъат намози суннати бомдодро дар хона мехонад, дар даст ҷорӯб ба ҳамроҳи духтараш сӯи коргоҳ меравад. Коргоҳи ӯ, қитъаи роҳҳоест, ки беш аз 3 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Имрӯз холаи Бибиморо ҳамроҳ бо дигар ҳамкоронаш дар назди пули дарёи Душанбе, дар рӯ ба рӯи бинои «Шарқи озод» дидам. Тег «Далее»

Андар «Шармсорӣ аз ватандорӣ» ва «Ватани шармандаҳо»


Муаллиф: Фаридуни Раҳнавард
Матлаб барои рубрикаи «Бидуни fоRм@т» ҳафтаномаи «Нигоҳ»

Рӯзҳои ахир, бо як ҳамватану ҳамсабақам тариқи Интернет сӯҳбат доштам, ки тайи 5-6 соли ахир дар ВАТАНЕ, ки мо ҳамеша бо ҲАРФИ КАЛОН, ном мегирем, набуд. Ӯ ҳанӯз ҳам дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад ва акнун аз ӯ фаҳмидам, ки нияти ба Ватан баргаштан доштааст. Чӣ мегӯед, ки баъди ин 5-6 соли ғарибӣ дилхушиву такопӯи пеш аз висолро бо Ватан аз сӯҳбаташ эҳсос накардам. Ҳатто баръакс. Тег «Далее»

Миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон масъалаи ҳалнашаванда вуҷуд надорад


Бознашр аз «ИмрўзNews»

Ғуломҷон Мирзоев

Мусоҳиба бо собиқ сафири Тоҷикистон ва муовини пешини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ғуломҷон Мирзоев. Номбурда аз соли 2001 то соли 2006 сафири Тоҷикистон дар Ўзбекистон буд. Тег «Далее»

Зоиров: «Президент гуфт, пагоҳ ҲСДТ-ро ба қайд гиред!»


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ

20-уми декабри соли 2002 ҲСДТ аз ҷониби вазорати адлияи Тоҷикистон дуюмбора ба қайд гирифта шуд. Як муддат ин ҳизбро бо номи «Адолат ва тараққиёт» ба қайд гирифта буданд, ки баъдан қайдашро боздоштанд. Вобаста ба ин сана хабарнигори «ИмрӯзNews» бо сарвари ин ҳизб мусоҳибае дошт:

— Мӯҳтарам, Раҳматилло Зоиров ҳизби Шумо дар соли 1998 бо номи «Адолат ва тараққиёт» арзи ҳастӣ кард, дар соли 1999 аз қайди давлатӣ гузашт. Баъдан, дар соли 2002 вақте дуюмбора ба қайд гирифтед, «Ҳизби сотсиал-демократ» шуд. Тавре медонем, ба номи «Адолат ва тараққиёт» дар Туркия ҳизби исломгарое ҳаст, сотсиал-демократҳо бошанд, бештар дар Аврупо мавқеъ доранд. «Адолат ва тараққиёт»-и Шумо бо пайравӣ ба ҳизби Туркия роҳандозӣ шуда буд? Ва ҳамчунин сабаби дуюмбора сабти ном шуданатон дар чист? Тег «Далее»

КАЛИМОТИ АШЪОРИ РӮДАКӢ ВА ШОИРОНИ ҲАМАСРИ Ӯ ДАР ЛАҲҶАИ ДАРҒӢ


Муаллиф: Исфандиёр

Гузашти замон, таҳаввулоти сиёсӣ, кӯчу омезиш, тараққиву суфта шудани забон, табиъист, ки вожаҳои навинро меофарад ва бад-ин васила теъдоде аз калимоти пешинро аз корбурди ом маҳрум менамояд. Ин теъдод калимотро акнун бо таъбири «вожаҳои архаистӣ» ёд мекунанд.

Бо нимнигарише ба чопҳои навини осори классикон, аз ҷумла устод Рӯдакиву ҳаким Фирдавсӣ, Унсуриву шайх Саъдӣ ва дигарон мебинем, ки калимоти ашъори онҳоро мураттибон ё дар побаргҳо ё дар баргҳои охири девон шарҳ додаанд. Ин маънои онро дорад, ки вожаҳои шарҳдодашуда барои хонанда ва оммаи имрӯз душворфаҳманд ва ё аслан корбурди рӯзона надоранд.

Ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва шоирони ҳамасри эшон аз ин миён истисно нест. Садҳо вожаро дар хилоли абёти устод Рӯдакӣ метавон шумурд, ки акнун оммафаҳм нестанд ва ниёз ба шарҳ доранд. Вожаҳоеро низ метавон шумурд, ки шарҳашон дар луғатномаҳо наомада ва ё маонии дигар пайдо карда. Тег «Далее»

Викиликс ҳукумати Тоҷикистонро ба майдони абарқудратҳо мекашад?


Дар бозии шоҳмот кам иттифоқ меафтад, ки пиёда дар ҳолати ногувор қарор надошта бошад. Агар аз ҷояш наҷунбад, пеши роҳи руху фарзинро мегирад, агар ба пеш ҳаракат кунад, хатар таҳдид мекунад. Ҳамеша пиёда дар бархӯрди тарафҳо қурбон мешавад, то «сарҳанг»-ҳо эмин монанд… Тег «Далее»

Самеъ Одиназода, ганҷи сарпӯшида ё намоди азамати тоҷик


То ҳол кам нестанд, чеҳраҳои ношинохтае, ки дар замони шӯравӣ «мурда-мурда зистаанд», бо ғояҳои барои ҳукумати вақт номақбул. 70 сол дар зери таъқибу фишори ҳукумати шӯравӣ ба сар мебурданд, имрӯз бошад, ақалан чеҳраву амалашон барои мардум ошно нест. Ҳоло низ чеҳраи онҳо дар зери соя қарор дорад. Яке аз чунин чеҳраҳое, ки шоҳиди Инқилоби октябр ва футӯр рафтани он буда, дар ин миён ҳамеша панҷа алайҳи хостаҳои ҳукумати Шӯро нарм кардааст, Самеъ Одиназода мебошад. ӯ қабл аз ҳукумати Шӯравӣ зода шуда, пас аз марги он зинда буд. Танҳо зинда ба хотири ҳаёт гузарондан не, намоде аз азамат, шукӯҳ ва ношикастанӣ будани тоҷикро ба намоиш гузошт. Дар як инзиво ба сар мебурд, аммо ақида ва фикрашро қудрате тағйир дода натавонист. Тег «Далее»

Рашт: «Чистка» ва ғайб задании телефону тиловориҳо


Мирзохӯҷа Аҳмадов. Акс як сол пеш гирифта шудааст.

Хабарнигорони «ИмрӯзNews» бо нияти пайдо намудани ошноии бештар аз вазъи шарқи Тоҷикистон ахиран ба ин минтақа сафар доштанд. Дар баробари ҳосил намудани маълумоти зиёд аз зиндагиву фаъолияти мардуми Рашт ва ҳаводиси ахири он, ба хабарнигорони мо маълум шуд, ки дар ин минтақа тағйироти кадрии мақомоти роҳбарӣ сурат гирифтаву идома дорад. Оё ин тағйирот ба ҳаводиси ахир рабт доранд? Мирзохӯҷа Аҳмадов чӣ гуна фирор намуд ва ҳоло дар куҷост?

 

Музокирот бо «Белгӣ» дар кӯҳ…

Бинои раёсати минтақавии корҳои дохиларо барои фаъолият омода мекунанд. Аммо ба курсии раҳбарии он оё воқеият аст, ки Шоҳ Искандаров мешинад?

Оё дуруст аст, ки сарбозон боис ба марги ҳамсангарони худ гаштаанд?

Чаро пас аз «чистка» -и мақомот ашёи мардум гум мешаванд?

Барои чӣ маълумоти мақомоти маҳаллӣ аз ҷумҳуриявӣ дар бораи хисороти расида фарқ мекунанд? Тег «Далее»

«Верхушка айсберга» ё 77,7 млн. сомонӣ дар ҷайби кист?


Бидуни шарҳ. Ҳадаф таблиғи фаъолияти Агентии назорати молиявӣ нест.

МАЪЛУМОТНОМА

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 (барои иштирокчиёни нишасти матбуотӣ 26.10.2010)

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 тибқи нақшаи корӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 802 тафтишу санҷишҳо гузаронида, ба маблағи 77,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд.

Дар самти назорати истифодабарии самаракони маблағҳои инвеститсионӣ ва қарзҳо дар 9 моҳи сипаришуда тафтишу санҷишҳои фаъолияти 15 Марказҳои идораи лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ дар ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар онҳо ба маблағи зиёда аз 13,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Тег «Далее»

«Дар ман хоҳиши кор кардан намондааст»


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Барзу: Чанде пеш як нафар дар рафти гуфтугӯе иброз дошт, ки файзи шаҳрам аз даст рафтааст. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки мақсадашро ошкоротар баён кунад. ӯ гуфт: «Замоне дар кӯчаҳои ин шаҳр шахсияте чун Толиб Шаҳидии нотакрор қадам мезад. Ман медидам, чӣ тавр ӯ қадам мезаду чӣ тавр хомӯш буд, роҳ гаштанаш зебо буду хомӯшияш забон дошт». Ман бо он ҳамсӯҳбатам ҳамфикр ҳастам. Саволи нахустин мехоҳам чунин бошад: Лутфан, бигӯед, ки табъи Толиб Шаҳидӣ айни замон чӣ тавр аст?

Толиб Шаҳидӣ: Ман хеле хуш шудам, ки дар ғоибам ҳам аз ман ёд мекардаанд. Вобаста ба суоли шумо мегӯям, ки албатта, он чӣ дар дунё мегузарад, ба фаъолияти ман бетаъсир буда наметавонад. Ҳоло банди рӯзгори оилавӣ ҳастам. Фарзандонам дар хориља ҳастанд, ки он тамоман дунёи дигар аст. Лекин дунёи онҳо бо ҳаёти ман ҳамоҳанг нест. Тег «Далее»

«Фаромӯш кунед, ки ман президентам»


Бознашр аз «ИмрӯзNews» №25 аз 05.10.2010

Эмомалӣ-дастёри хонадон

Вақте ҳамсари Раҳмон Шарифов — Марям 5 октябри соли 1952 писари сеюми худро таваллуд кард, хурсандии обмони совхозро ҳадду канор набуд. Худованд ба ӯ боз як дастёр ато намуд. Ба шарафи ба дунё омадани тифли нав сарвари хонадон дастархони калоне гузурд. Ба меҳмонӣ қариб тамоми сокинони Данғараро даъват кард. Ҳарчанд баъди ҳамин маърака ӯ дар қарз ғутид: он замон хеле камбағалона зиндагӣ доштанд.

Фарзанди савуми хонадонро Эмомалӣ ном гузоштанд. Кӯдакии ӯ камбағалона сипарӣ шуд. Аз овони кӯдакӣ ӯ ба падару модар дар корҳои хоҷагӣ ёрӣ мерасонд.

Раҳмонов дар қатори аълохонҳо буд?

Мактаб, новобаста аз он ки синф танг ва мактаббачаҳо хеле бисёр буданд , ба Эмомалӣ маъқул шуд. Дарвоқеъ , синфе, кКи дар он таҳсил мекард, аз 17 нафар иборат ва шумораи писарону духтарон дар он баробар буд. Аммо дар хотираи Эмомалӣ танҳо дарсу воқеаҳои гуногуни мактабӣ нақш набастааст. ӯ аз мактаб бармегашт, ки бригадири савхоз рӯ ба рӯяш пайдо шуда, ба дасташ дос медод ва ба ҷамъоварии ҳосил гуселаш мекард. Тег «Далее»

Ҳуҷуми вазорати дифоъ ба матбуот бӯи истеъфо дорад


Намедонам, чи қадру манзалате дар назди мардум дошта бошад, мансабдори баландмақоме аз ҳукумати

Шералӣ Хайруллоев 15 сол аст, ки вазири дифоъ мебошад

Эмомалӣ Раҳмон, ки даст дар қафаси сина бинҳода бигӯяд: ман барои ноӯҳдабароиям омодаам, ИСТЕЪФО диҳам!!! Аммо бебаҳс гуфтан мумкин аст, агар мансабдоре аз ҳукумати имрӯза чунин ташаббус нишон диҳад, бегумон номаш дар таърихи давлатдории ин миллат абадан сабт мегардад. Зеро бо ин иқдомаш хизмате ба миллат мекунад, ки агар сад соли дигар вазир монад, чунин хизматро карда наметавонад…

Рӯзи гузашта яке аз вазирони ноҷунбони ҳукумати Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ аз худ дарак дод. Агар аз ягон воқеи рӯз қафо намонда бошам, то ҳол ба шумор дидаам, ки вазири мудофиаи Тоҷикистон дар мавриде изҳори назар карда бошад. Ҳайати шахсии вазорати мудофиа ҳафтаи гузашта ба воситаи шабкаҳои телевизионии Тоҷикистон як қатор нашрияҳои мустақилро «иғвоангез» номид. Сармуҳаррирон, соҳибнашрияҳо ва раҳбарони баъзе аз созмонҳои журналистӣ бо муроҷиатномае аз масъулини вазорат талаб карданд, ки бахшиш бипурсанд. Аммо Шералӣ Хайруллоев якбора ба ҳуҷум гузашт. Тег «Далее»

«Вақти музокирот гузаштааст»


Бознашр аз «ИмрӯзNews» №32 аз 01.10.2010

Амирқул Азимов, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Пас аз бозгашти Эмомалӣ Раҳмон аз ИМА, ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон нисбати воқеаҳои идомадошта дар шарқи кишвар, тасмимҳои ҷиддитаре аз худ бадар мекунанд. Худи президент, тавре расонаҳои хабарӣ менависанд, акнун на танҳо дар назди мақомоти интизомиву амниятӣ ҷиддитар масъалагузорӣ мекунад, балки тавассути онҳо ба ҷангиёни фирорӣ паём мефиристанд.

Дирӯз тибқи дастури президент, Амирқул Азимов, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ба минтақаи Рашт сафар намуд. Ин сафар пас аз ҷаласаи ғайринавбатии ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки зери раҳбарии президент ва раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, анҷом мегирад.

Ҳоло таҳлилгарон ба хулосаи ягона наомадаанд, ки ҳадафи ин сафар ба чӣ равона шудааст: барои ба музокирот даъват кардани ҷангиён, ё баръакс барои бо роҳи низомӣ ҳал кардани он. Тег «Далее»

Вакилон: ҳодисаҳои Рашт мавзӯи мо нест!


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

камкорони сертарадуд

Як моҳ мешавад, ки Тоҷикистон дар сархати расонаҳои иттилоотии ҷаҳон қарор дорад. Фирори зиндониён аз маҳкамаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, даргирии сарҳадбонони тоҷик бо ҷангиёни номаълум дар сарҳади Афғонистон, таркиш дар Хуҷанд ва ҳодисаҳои ахирӣ дар шарқи Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишварро бетараф намемонд. Вобаста ба ин ҳодисаҳо кишварҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Душанбе мавқеъи худро эълон доштанд. Дар робита ба ҳодисаҳои шарқи кишвар, ки боис ба куштори 25 сарбоз гардид, президент Раҳмон аз ИМА ба оилаҳои ин сарбозон изҳори ҳамдардӣ намуд. Вазорати корҳои хориҷии Олмон ин ҳодисаро маҳкум кард. Сафорати ИМА дар Душанбе изҳори нигаронӣ эълон дошт. Рӯзи гузашта президенти Туркманистон ба ҳамтои тоҷики худ барои аз ҷониби террористон ба қатл расидани сарбозон номаи тасаллият равон кард.

Аммо изҳорот, вокуниш ва ё ҳамдардии парламенти дупалатаи Тоҷикистон, яъне Маҷлиси Миллӣ бо 33 аъзо ва Маҷлиси намояндагон бо 63 вакил дар ҷое расман паҳн нагардидааст. Тег «Далее»

Ҳукумат ва таҷрибаи дар пешгирифтаи он


Ё ба эҳсоси мардум нохун задан чӣ натиҷа меорад?

Шояд хато кунам, аммо чунин ба назар мерасад, ки барои ҳукуматдорони мо оромии ҷомеа ба манфиаташон нест. Агар ҳукуматдорон оромии ҷомаеро «дӯст медоранд», ба ҳуқуқу озодиҳои мардуми он ҷомае арҷ мегузоштанд.

Ҳама ҳодисаҳое, ки дар ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон рух дод, ба як сӯ мегузорем. Танҳо ба он амали ҳукуматдорон назар мекунем, ки ба иззати нафси мардум расидан доранду маҳдудиятҳоеро ба сари ин мардуми хомӯш оварда истодаанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон таҳсил ва сафари ҷавонон ба давлатҳои мусулмониро маҳдуд кард. 1-уми сентябр ҳангоми суханрониаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз духтароне, ки рӯсарӣ ба сар доранд, интиқод намуд. Пас, аз ин вазири маорифи Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонов, лашкаркаши беҳамто дар амалиёти «ҷанг бо ҳиҷоб» аз нав ба ҳуҷум гузашт. Ӯ ҳеч касро не, як модари тоҷикро маймун номид. Тег «Далее»

Убайдуллоевро кӣ «куштан» мехоҳад?


Бознашр аз «ИмрӯзNews»

Рӯзи 15 –уми сентябр дар  сомонаи www.tjknews.com матлабе таҳти унвони «Амалиёти «Муқаннаъ» (Операция «Муканна») нашр шуд. Дар он аз эҳтимоли доир гардидани амалиёти тахрибкорие сухан меравад, ки бояд натиҷаи фоҷиабореро дар пай дошта бошад. Мақола гӯё ин амали тахрибкориро ифшо кардааст ва аз чӣ гуна оғоз гардидан ва то натиҷаи эҳтимолии амалиёт муфассал қисса мекунад.

Ба навиштаи сомона, мақсад аз амалиёти тахрибкориро тибқи фарзияҳои пешакӣ, сӯйиқасд ба ҷони яке аз шахсиятҳои маъруфи сиёсии Тоҷикистон ва аз раҳбарҳои аввали кишвар медонад. Гӯё ин шахсият тамоюли русгароӣ дораду ба сарвари давлат писанд нест… Тег «Далее»

Аз бозор то телевизион дар пешвози иди Фитр


Як рӯз пеш аз иди Фитр барои харид намудани мева ба бозори «Сафариён» рафтам. Бозоре, ки ҳар вақт аз он ҷо харид менамудам. Қимати ангури беҳтарини бозор 6 сомонӣ, себ 5-7 сомонӣ, нок 5 сомонӣ… Аммо ин навбат бо ин қимат мевае ёфтан имкон надорад. Бозор пур аз харидорон. Дар назди ҳар фурӯшанде камаш 5 нафар навбат меистод. Дар назди фурӯшандае навбат ба ман расид. Ангури навъи ҳусайнӣ 10 сомонӣ, ангури сиёҳ 15 сомонӣ, себи чиноӣ 10 сомонӣ, нок 10 сомонӣ, себҳое, ки қаблан ба 2,5 сомонӣ касе намехарид, 6 сомонӣ қимат дошт. Тамоми намуди мева то 3 маротиба гарон шуда буд.

Касе суол ҳам намекард, чаро чунин нархҳоро боло кардаенд? Агар ба ин савол машғул мешуд, аз мева мемонд. Чандин нафареро дар бозор дидам, ки мешинохтам. Тег «Далее»

Рӯзе, ки шодии мо ба мотам пайваст


Ғайр аз ту ман ба дунё ёри дигар надорам,
Ба ҷуз хиёли ишқат фикре ба сар надорам.

9-уми сенябр барои миллати тоҷик ду паҳлу дорад. Яке рӯзи хурсандист. Дигаре рӯзи ғам. Дар ин рӯз мехоҳам аз таҳи дил хурсандӣ намоям ва то тавонам аз ғуссаи овардаи ин рӯз сар ба зер афканаму сукут намоям. Сукуте, ки гиряи талх дошта бошад…

Ин рӯз барои миллати тоҷик ҳам рӯзи фараҳ асту ҳам рӯзи ғам. Ин рӯзи ишратро барои мо омехта ба ҳасрат карданд. Фараҳу шодӣ аз он аст, ки дар ин рӯз Истиқлоли Тоҷикистон эълон шудааст. 19 – сол қабл Қадриддин Аслонов, раҳбари вақти Тоҷикистон, ки ҳамагӣ чанд рӯзе раҳбари Тоҷикистон буд, эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро қироат намуд. Аз он рӯз ин сана барои мо рӯзи ҷашн шуд… Тег «Далее»

Баҳси Барзу бо нависандаи саршинос Баҳманёр


Бахманёр ва Барзу

Бознашр аз рӯзномаи «Имрӯз News»

Барзу: — Шумо ҳамчун нависанда маъруф ҳастед. Дар маркази таваҷҷӯҳи мардум қарор доред. Дар бораи Шумо сару садоҳои зиёде мавҷуд аст. Вале ин бор диққати маро ҳаёти хусусии Шумо ба худ ҷалб мекунад. Метавонем дар бораи эҷодиёти Шумо ҳарф бизанем. Вале фарқ байни асари нависанда ва худи ӯ ин ҳам мисли тафовут байни падар ва писар аст. ӯ аз Шумо таваллуд шудааст, вале Шумо нест. Яъне тафовут байни шароб ва ангур аст. Барои ҳамин ҳам ман ба Шумо муроҷиат мекунам ва мехоҳам бифаҳмам, ки худро имрӯз рӯҳан чӣ гуна эҳсос мекунед? Бо шумо чӣ иттифоқе рух медиҳад? Кадом андешаҳо шуморо азият медиҳанд? Тег «Далее»

Шаҳри мардуми хомӯш


Ин ҷо Душанбе аст. Шаҳре, ки мардумонаш гӯӣ ҳеч забони зиндагиро намеёбанд. Ҳаёт бо бештари мардуми ин шаҳр дасту панҷа нарм кардан намехоҳад. Дар ин ҷо зиндагӣ доиман якмаром пеш меравад. Ҳаёт дар ин ҷо барои як қисми мардум зеб дорад. Қисмати асосии мардумро гӯё бе ресмон дар кундаи ҷувоз бастаанд, ҳар қадар медаванд, ҳар қадар талош мекунанд, ба ҷое намерасанд. Ҳама талош доранду такопу, аммо ҳеч не, ки ба замони наве расанд. Дар ин шаҳр замонро ҳам пир кардаанд. Гарчанде рӯзҳову ҳафтаҳо мегузаранд, сатҳи ҳаёти мо дар дирӯзу дар ҳафтаи гузашта мондааст. Аммо вақт умри моро ба худ мебарад. Тег «Далее»

Кӯлоб, туро ба нархи ҷон месозам


Дилпораҳо (Дар сӯгвории офатзадагон)

Сайид Раҳмон

Ин мисраҳо аз як дӯсти нозукам ба ман расидааст. Аз ин мисраҳо кас метавонад аҳволи мардуми аз сел азияткашидаро тасаввур намояд. Ин дилпорахо бидуни иҷозати муаллиф нашр гардидааст.

Кӯлоб, қатори мо азодор шудӣ,   
Ғамкушта будӣ, дубора ғамдор шудӣ.
Рафтанд ба ҷумлагӣ ҷавонмардонат,
Бар кулфату дарду ғам гирифтор шудӣ.

Санговаки Балховӣ вабо овардаст,
Аз ҳар дарае сели бало овардаст.
Беақлии сарварон шуду марги яқин,
Дар субҳи баҳор аҷал ба мо овардаст.

Ин сели бало бурд ҳама бунёдат,
Сад вою дареғи хонаи ободат.
Аз ҳавлии ту кабутаронат рафтанд,
Ғамхона шидаст ин дили ношодат.

Кӯлоб, Чармгарони ту хонақатор,
Сад хона валангор шуда субҳи баҳор.
Ин сели бало мурда ба бор овардаст,
Сад хонаи ин гузар шуда мотамдор.

Мурда бари мурдае баробар ховай,
Сад мурдаи бекафан дар ин санговай.
Гаҳвораву кӯдаки туро сел, ки бурд,
Пурғам дили ту чу кӯзаи зардовай. Тег «Далее»

Шеъре аз Сайфи Фарғонӣ дар айёми ҳамлаи муғул


Ҳам марг бар ҷаҳони шумо низ бигзарад,

Ҳам равнақи замони шумо низ бигзарад.

В-ин буми меҳнат, аз пайи он то кунад хароб,

Бар давлат, ошёни шумо низ бигзарад.

Боди хазону накбати айём ногаҳон Тег «Далее»

Тарғиби секс бар зидди ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон


Барои хондани ботамкин

Ҳафтаи гузашта яке аз нашрияҳои чопи Душанбе зери сарлавҳаи «Бештари занон дониши занона надоранд», мусоҳибаеро бо як бонуи табиб нашр намудааст. Далер, як дўсти ҷавонам мусоҳибаро нохонда, нимшўхӣ суол кард, дар куҷо имтиҳон мегирифта бошанд, то муайян намоям, ки донишам мардона аст ё занона? Пас, аз он ки мусоҳибаро хонд, ба сарҷунбонӣ гуфт: «оҳо, ба мо танҳо «дониши хунсоӣ» намерасидааст, ку!»

Дар мусоҳиба, бонуи табиб ба ҷавондухтарони тоҷик маслиҳат медиҳад, ки қабл аз шавҳар кардан, аз назорати духтур бояд бигзаранд. Ва аз дигар мушкилоти бонувони тоҷик аз зуд пир шудани бонувон Сухан кардааст. Хушбахтона, чизеро таблиғ намекард, ки дигарон мекунанд. Тег «Далее»

ДОСТОНИ ҶАДИДИ ОДИНА


Навиштаи шоири саршиноси тоҷик Исфандиёр

Исфандиёр

То, ки ёбад буридаи ноне
Гашт берун зи деҳа Одина.
Ҷигараш лахти хуну зардоб аст,
Даст шахшулу по пур аз пина.

Нест дар деҳа ҳоҷати мондан,
Дар Душанбе наметавон будан.
Кор не, хона не, маунат не,
Ғайри дар сина ғусса афзудан.

Бачаҳои ҳузарби деҳаву шаҳр,
Дар замини урус муздуранд.
То маошу маунате ёбанд,
Русия мераванду маҷбуранд.

Пеш аз ин буд давлати Ленин,
Ҳама бо ҳам яку бародар буд.
Ҳама нони ҳалол мехўрданд,
Ганҷу обу замин баробар буд. Тег «Далее»

Як «ҳамлаи шерона» аз «Толибони интернетӣ»


Як даст ба мусфаҳему як даст ба ҷом…

Ин аксро моҳи марти соли равон дар шаҳри Киотои Япония гирифта будам. Ин мавзеъ яке аз машҳуртарин маконҳое дар Япония мебошад, ки қариб ҳамарўза дар он сайёҳон ҳузур доранд. Дар ин ҷо ибодатгоҳи буддоиҳо бо ибодатгоҳи синтоизм рў ба рў бино шудааст. Пайравони ду дин бе ихтилоф дар паҳлўи ҳам ибодат мекунанд. Манзараи атрофи ибодатгоҳҳоро дарахтони ҳамешасабз оро медиҳанд. Вақте вориди ин мавзеъ мешудем, роҳбаладамон таъкид кард, ин ҷо макони муқаддаси буддоиҳост, вақти сайру гашт рўҳатон ҳаловат мекунад… Бо табассум гуфтам, ҷаноб, на аз муқаддасии бутҳо, балки аз ин ҳавои тоза, ки шумо аз шаҳри пурдуду серғавғо ба ин мавзеъ меоед, асабҳоятон ором мегирад. Вагарна ин бут, ки эҷоди дасти одамист, магар ба амале қодир аст?! …

Манзараи атроф ҳич бароям фараҳбахш набуд. Зеро дар миёни чунин табиат ба воя расидаам. Аммо сидқи мардум ба бутҳои худсохт маро ба ҳайрат меовард. Бо ин қадар заковат, бутеро, ки худ сохтаанд мепарастанд! Аз паси мардуми таҳҷоӣ ба пеш мерафтем. Ба назди як ибодатгоҳи буддоӣ расидем, ду ресмони ғафс овезон буд. Мардум ресмонҳоро оҳиста алвонҷ медоданд, садои ба ҳам бархўрдани оҳанҳо паст-паст ба гўш мерасид. Дар қатори мардуми зиёраткунанда дар навбат истодам, то ресмонро алвонҷ диҳам. Одамон пеш аз алвонҷ додани ресмон дар варақе чизе навишта дар рафҳо мегузоштанд. Навбати ман расид. Тег «Далее»

Насли ман, насли эътироз


ё «чун чароғи лола месӯзему хамӯшем мо»

«Бозори Шоҳон характери оҳанин дошт. Аммо касе инро ба инобат намегирифт ва аҳамият ҳам намедод. Аз ин рӯ характераш занг зад» (Баҳманёр)

(Ин матлаб ба муносибати ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» (№19.19-уми майи 2010) ба нашр расида буд. Бознашр ба хотири рӯзи ҷаҳонии ҷавонон.)

Ҳафтаи сеюми моҳи май «Ҳафтаи ҷавонон» эълон шудааст. Ҷавонони Тоҷикистон дар ин рӯзҳо гӯё ҷашн доранд. Ҷашне, ки соҳибҷашн надорад! Яқинам, ки намепурсед, чаро соҳибҷашн надорад. Зеро медонед, ки писару додар хоҳару бародар … эҳ, аксари ин насл ба чаҳор сӯ парешонанд. Бале, ин насли эътирозгари камбахти ман, ба чаҳор сӯи оламҳо парешон аст. Ҳам аз нигоҳи макон, ҳам аз нигоҳи ақида, ҳам аз нигоҳи арзишҳо… парешон гаштааст. Тег «Далее»

Раҳмонов, фурсати рафтан фаро расид!


Дар як ҳафтаи ахир роҳбарияти се ниҳоди калидии ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолияти вазорати маориф ба гунаҳои гуногун изҳори ташвиш намуданд. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегўяд, аз 35 донишҷўи аълочии Тоҷикистон танҳо як нафар аз озмуни вазорат барои қабул ба кор, гузаштааст. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бонкҳо ҷойҳои холии корӣ мавҷуд аст, аммо дониши донишҷўён ба талаботи бонкҳо посух намегўяд. Болотар аз ҳама, Фатоҳ Саидов раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вазорати маорифро аз фасодзадатарин ниҳоди Тоҷикистон номидааст. Пас, магар вақти он нарасидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон «дафтари аъмол»-и панҷсола вазирии Абдуҷаббор Раҳмоновро варақгардон намуда, кафшҳои ҷаноби вазиракадемикро ба пеши пояш гузорад? Тег «Далее»