Главная > «Бухорои Шариф», Пайванди Гулмуродзода, адабиёт, журналист, рӯзнома > Пайванди Гулмуродзода: Дар осорхонаҳои Тоҷикистон нусхае аз «Бухорои шариф» нест

Пайванди Гулмуродзода: Дар осорхонаҳои Тоҷикистон нусхае аз «Бухорои шариф» нест


Бознашр аз ИмрӯзNews

ustod PaivandМусоҳиба бо Пайванди Гулмуродзода, устоди факултаи журналистикаи ДМТ ва муҳақиқи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» ба муносибати 100 солагии ҷашни матбуоти тоҷик.

ИмрӯзNews: — Рӯзномаи «Бухорои шариф» чӣ хусусияте дошт, ки дигар рӯзномаҳои вақт, ки дар минтақа бо дигар забонҳо ба нашр мерасиданд ва ё рӯзномаҳои минбаъдаи тоҷикӣ аз он орӣ буданд?

— Аввалан, рӯзномаи «Бухорои шариф», ки 11-уми марти соли 1912 бо ташаббус ва ибтикороти ду нафар аз меҳандӯстон ва миллатдӯстон Мирзомуҳиддин Мансурова ва Мирзосироҷи Ҳаким таъсис ёфт, як рӯзномаи сирф тоҷикӣ буд. Агар ба истиснои чанд ҷумлаву хабаре, ки дар бораи таъсиси рӯзномаи ӯзбекӣ ё матбуоти ӯзбекӣ, ки дар саҳифаҳои он чоп мешавад ва ба ҷуз он, ки сармуҳаррири рӯзнома Мирзоҷалол Юсуфзода дар баъзе мавридҳо (аз он ки аз Қафқоз аст, аслан тоҷик нест) барои исботи фикраш чанд ҷумлаи озорбойҷонӣ ҳам меорад, боқӣ ҳама сар то ба по сирф бо забони тоҷикӣ мебошад. Хусусияти дигараш ин аст, ки дар ҳамон замон мардуми Бухоро ғайр аз Бухоро бо дигар кишварҳо камтар ошноӣ доштанд, ба ҷуз чанд нафар равшанфикрони ва тоҷирони мо барои ошноии мардум бо олам хизмати бисёр бузурге кардааст. Дар саҳифаҳои ин рӯзнома ҳам ахбори дохилӣ, ахбор аз Туркистон, Туркиё, Русия, Эрон ба таври доимӣ чоп шудааст. Барои ошноии мардуми Бухоро бо воқеоти ҷаҳон хизмати бисёр арзанда кардааст.

Чизи дигаре, ки барои мо бисёр муҳим аст ва имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, яке масъалаи мактабу маориф аст, ки ба таври доимӣ дастандаркорони «Бухорои шариф» ба ин масъала таваҷҷӯҳ карданд ва аз ҳама бештару беҳтар худи Мирзоҷалол Юсуфзода мақола навиштааст. Аз мақолаи аввалинаш, ки бо номи «Чи бояд кард?» интишор ёфтааст ва дуюмаш «Дигарон чи карданд?», сеюмаш «Тартиб лозим аст» … дар ҳамин силсила мақсаду ҳадафи худашро доир ба ислоҳи мактабу маориф ва навгониҳое, ки дар ҷомеа мехоҳад бубинад. Хеле хубу возеҳ ба мардум фаҳмондааст.  Масъалаи дигаре, ки он замон муҳим буд, сиҳати ома мебошад, дар саҳифаҳои рӯзнома ин масъала хуб бозтоб шудааст. …

Аз сӯи дигар рӯзномаи «Бухорои шариф» минбари аҳли қалами минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Барои рӯзнома ҳам аз Хуҷанд, Самарқанд, аз ҷумла Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Саидризо Ализода менавиштанд, аз Туркия мақола равон мекарданд, аз ҷумла навиштаҳо ва шеърҳои Фитрат, ки толибилми мадрасаи Туркия буд, дар нашрия ба чоп мерасид. Ба ҳамин тариқ чизи дигаре, ки барои мо муҳим аст, ки Мирзоҷалол Юсуфзода адибону шуарои тоҷикро ба навиштани шеъри иҷтимоӣ, ки ба дарди ҷомеаи он рӯза мехӯрд, даъват кардааст. Ба ин васила мехостанд, мардумро як навъ ба навсозии ҷомеа омода намоянд. Бо ҳамин хусусияту ҷанбаҳояш «Бухорои шариф» аз дигар рӯзномаҳо тавоффут дорад.

Тавоффути дигараш ин аст, ки рӯзнома соҳиби ду муҳаррир буд, яке намояндаи сафоратхонаи рус Мирҳайдар Мирзобадалов, дигаре Мирзоҷалол Юсуфзода.
Дар саҳифаҳои рӯзнома огоҳиҳо ва эълонҳои тиҷоратӣ хеле зиёд чоп шудаанд. Як саҳифа махсус барои эълону реклом мушаххас гардонда шуд. Эълон ҳам додаанд, ки эълонҳо дар саҳифаи аввал бо қиммати 30 тин ва дар саҳифаҳои 3-4 бо қиммати 20 тин қабул карда мешавад. Қиммати рӯзнома 3 тин будааст. Бино ба маълумоте, ки аз рӯзномаи «Тарҷумон», ки яке аз муаррихҳои мо Нуъмонҷон Ғаффоров дастрас кардааст, рӯзномаи «Бухорои шариф» дар аввал бо теъдоди 800 нусха чоп мешудааст, дар охир бино ба таъкиди устод Айнӣ ин теъдод зиёд шуда, шояд ба 1 500 – 2 000 расида бошад. Берун аз Бухоро дар Эрону Афғонистон, Қафқозу Ҳиндустон ва Туркиё ҳам хонанда дошт ва рӯзнома ба он ҷойҳо мерасид.

ИмрӯзNews: — Муносибати мансабдорон дар аввал ба рӯзнома чи тавр буд?

— Як масъалае, ки имрӯз мавриди баҳс аст ва дар китоби муаллим Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов дар бораи таърихи матуботи тоҷик навиштанд ва ҳам бо таъкид ба инҳо як муҳаққиқи бародари тоҷики мо аз Афғонистон дар Ҳоланд анҷом додааст ва дар «Орёнои бурунмарз»  чоп кардааст, дар он ҷо гуфтаанд, ки дар шумораҳои аввал як ризоятномаи қушбегӣ чоп шудааст. Дар ризоятнома гӯё гуфат мешавад, ки ҳар касе, ки ба рӯзнома обуна шавад, мо ба он мухолифат надорем. Вале ин чизро ман дар шумораҳои аввал пайдо накардам. Аммо як хабари бисёр муҳим дастрас шуд, ки дар шумораи сеюми рӯзнома хабар додаанд. Баъди чопи шумораи аввал бо маслиҳати гумоштаҳои сиёсии рус дар чаҳор папка, яке барои гумоштаҳои рус, се папкаи дигар барои амир, қушбегӣ ва қозикалон рӯзномаи «Бухорои шариф» расонда шудааст. Қушбегӣ бисёр бо хушнудӣ қабул мекунад. Вақте ба қозикалон мерасад, ӯ мепурсад, ки дар саҳифаи ин рӯзнома чиҳо чоп мешавад, ношир мегӯяд, ки аз дигаргуниҳои олам хабар медиҳанд. Рӯзнома менависад, ки бо хушнудӣ истиқбол карданд ва ноширро сари дастархон хонда бо ширинӣ мураххас карданд, яъне бо ширинӣ гусел карданд. Ба фикрам ҳамин барои бештар дар миёни мардум интишор ёфтану паҳн шудани рӯзнома хизмате кардааст. Бо ҳамин хабар мардумро огоҳ кардаанд, ки ин рӯзнома рӯзномаи амири Бухоро аст ва ягон кас мухолифи рӯзнома нест. Ҳатто амири Бухоро ҳам шумораи аввалашро гирифтааст. Ба гумон ҳамин чиз дар давраи аввал ҳамчун ризоятномаи амири Бухоро хизмат кардааст.

Устод Айнӣ мегӯянд, сафорати Русия гумон дошт, ки ин рӯзнома ҳам мисли рӯзномаи расмии ҳукумати подшоҳӣ, ки бо забони ӯзбекӣ «Туркистон вилоятининг газетӣ» (Рӯзномаи вилоятии Туркистон — тоҷикӣ) дар Тошканд чоп мешуд, сиёсати ҳукумати подшоҳии русро тарғиб мекунад. Азбаски ин тавр нашуд дар охир ҳам амиру сафорат аз марому ғояи рӯзномаи «Бухорои шариф», махсусан аз мароме, ки Мирзоҷалол Юсуфзода ҳамроҳи Мирзосироҷи Ҳаким пеш гирифта буданд, як навъ ба ташвиш афтиданд, ки мардумро ба бедориву худшиносӣ даъват менамоянд. Амиру сафорат ба хулосае омаданд, ки рӯзномаи «Бухорои шариф» баста шавад.

ИмрӯзNews: — Дар арафаи ҷашни 100 солагии матбуоти тоҷик чӣ паҳлӯҳои нави таърихи рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро муҳаққиқон боз намудаанд?

— Мутаассифона, азбаски дӯхта (подшивка)-ҳои пурраи рӯзномаи «Бухорои шариф» дастраси мо нест, дар китобхонаҳову осорхонаҳои Тоҷикистон ягон шумораи ин рӯзнома вуҷуд надорад. Имконияти пайдо кардани дӯхтаҳои пурраи рӯзнома барои муҳақиқони тоҷик душвор аст. Суханҳое, ки дар бораи рӯзнома мегӯянд, бештар ҷанбаи ошнонамоии моҳият ва мундариҷаи рӯзнома мебошад.

Рӯзномаи «Бухорои Шариф» як таҳқиқи ҷиддиеро мехоҳад. Масалан, дар бораи фаъолияти публисистии Мирзоҷалол Юсуфзода рисолаи хуберо Олимҷон Салимзода ба иҷро расонданд ва чандин мақолаҳои дигар аз ҷониби устод Валӣ Самаду Абдухолиқ Набавӣ ва дигар муҳаққиқони мо ба табъ расиданд. Гумон мекунам, таҳқиқи комили «Бухорои шариф» кори оянда аст.

ИмрӯзNews: — Як суоли оддӣ, чаро барои иҷрои вазифаи муҳаррирӣ аз Қафқоз Мирзоҷалолро даъват намудаанд?

— Гап дар сари он аст, ки дар Бухорои оғози садаи ХХ онҳое, ки ба кори матбуот ошноии комил доштанд ва аз нигоҳи касбияту ҳирфият кори рӯзномаро пурра анҷом медоданд, дар он замон набуд. Мирзоҷалол Юсуфзода дар мактаби ду адиби маъруф  — Мирзоҷалил Мамадқулизода ва Алиаскари Собит ва мактаби маҷаллаи бисёр маъруфи он замон «Мулло Насриддин», ки дар Тифлис бо забони озорбойҷонӣ чоп мешуд, тарбия оёфта буд. Дар рӯзномаву нашрияҳои Эрону Ироқ ва Туркиё мақолаҳояш ба табъ расида буд. Ҳамчун шахсияте, ки аз кори матбаву матбуот огоҳ аст, ӯро даъват карданд.

Аз ҷониби дигар худи Мирзосироҷи Ҳаким, ки ҳангоми сафарҳояш ба кишварҳои шарқу ғарб ба рӯзномаҳо ошноӣ дошт ва аз ҷумла ба Қафқоз ҳам рафта буд. Ба чунин хулоса омаданд, ки Мирзоҷалолро, ки кори рӯзномаро хуб медонад, даъват намоянд.

Ҳоло як баҳси дигар ҳам ҳаст, ки аввалин рӯзноманигори тоҷик киро гӯем? Адабиётшиноси маъруфамон Абдухолиқ Набавӣ  пешниҳод карданд, ки бояд Мирзосироҷи Ҳаким ҳамчун рӯзноманигори аввалини тоҷик шинохта шавад. Пешниҳоди ман ин буд, ки Мирҷалол ва Мирзосироҷ рӯзноманигорони нахустини тоҷик шинохта шаванд. Ҳарчанд, ки Мирзоҷалол аз ҷои дигар буд, вале омада барои матбуоти мо хидмат кард. Дар 153 шумораи «Бухорои шариф» зиёда аз 200 мақола навишт ва масъалаҳоеро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод, ки имрӯз солу муаллифашро нагузошта чоп кунем, гумон мекунед, ки масъалаи доғи имрӯзӣ аст.

ИмрӯзNews: — Гуфтед, ки набудани дӯхтаи пурраи рӯзномаи «Бухорои шариф» дар таҳқиқ мушкилӣ меорад. Имрӯз чанд нусхаи он дар Тоҷикистон аст?

— Тавре гуфтам дар Тоҷикистон нест.

ИмрӯзNews: — Шумо аз рӯи кадом нусхаҳо кор мекунед?

— Дар дасти ман чанд шуморааш ҳаст, таҳқиқи ман идома дорад. Як кори ба назари худам муҳимеро таҳқиқ дорам, ки дар масъалаи «Бухорои шариф» маҳдуд намемонад, баъзе аз нашрияҳои Эрону Афғонистонро мавриди таҳлил қарор доданӣ ҳастам. Ва боз меоем ба сари нашрияҳои Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ки ба назари ман идомаи кори «Бухорои шариф» буд. Барои ҳамин ҳоло натавонистам ба китобхонаҳо тақдим кунам. Аз тарафи дигар, мутаассифона, дар китобхонаҳои дар замонҳои аввали истиқлол ҳатто микрофилмҳое, ки буданд, баъзе қисматҳояшро бурида бурданд. Ба ин хотир, чанд нусха аз рӯзномаро, ки дар даст дорам, ба китобхонаҳо надодам.
Китобхонаи нави миллӣ ба фаъолият дарояду кори ман анҷом ёбад, барои мухлисону муҳақиқон ва онҳое, ки дар воқеъ иштиёқи омӯхтани матолиби «Бухорои шариф»-ро доранд, як қисми онро ба китобхонаи нави миллӣ тақдим хоҳам кард.

Реклама
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: